12:51 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, акс аз бойгонӣ

Путин аз осонсозии патентгирӣ ва ҳилаи ҳарфивазкунии муҳоҷирон гуфт

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
304910

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мегӯяд, раванди патентгирӣ барои муҳоҷирон дар кишвар бояд осон бошад, аммо зарур аст, ки назорат дар ин бахш нигоҳ дошта шавад

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавзӯи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Астрахан гуфт, раванди додани патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ба таври иловагӣ омӯхта шавад.

Дар ин ҷаласа Сергей Морозов, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Астрахан пешниҳод кард, ки патент ба муҳоҷирон на танҳо дар маркази вилоят, балки тариқи марказҳои бисёрфунксионалии ҳамаи шаҳрҳо дода шавад.

Дар посух Путин изҳор дошт, ки барои додани патент аз муҳоҷирон бояд иззи ангушт гирифта шавад, аммо чунин имконият дар ҳамаи марказҳои бисёрфунксионалӣ фароҳам нест. Путин аз ҳолатҳое зикр кард, ки муҳоҷирон бо нақзи қонуни будубош Русияро тарк мекунанд, аммо бо тағйири ҳарфе дар шиноснома дубора бармегарданд ва таъкид намуд, ки назорат дар бахш бояд бошад.

“Соли гузашт дар мо чанд ҳазор, ба фикрам 16 ҳазор нафар ошкор шудаанд, ки бо қонунвайронкуниҳои хурд аз Русия мераванд, баъдан шиносномаашонро тағйир дода, ҳарферо иваз мекунанду боз аз сари нав оғоз мешавад”, - изҳор дошт Путин.

Раисиҷумҳури Русия бо зикри чунин ҳолатҳо таъкид намуд, ки аз як ҷониб корҳои марбут ба патент бояд барои муҳоҷирон дастрас бошад, мушкил нашавад, аммо аз ҷониби дигар дар ин бахш бояд тартибот бошад.

“Ба осонӣ наметавон мақомоти умури дохилиро ба ниҳодҳои дигар иваз кард. Бо вуҷуд бояд мутаваҷҷеҳ шуд, ки дар амал корҳо чигуна ҷараён мегиранд”, - илова намуд Путин.

Таъкид ба осонсозии патентгирӣ барои муҳоҷирон аз як тараф ва зарурати таъмини тартиботу назорат аз тарафи дигар дар ҳолест, ки Путин теъдоди тоҷикистониёнро дар Русия 1,2 миллион гуфт.

Путин моҳи апрели соли равон дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "мехоҳам, қайд кунам, ки дар кишвари мо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд, то муҳоҷирон аз Тоҷикистон, аъзои оила ва наздиконашон дар Русия шароити арзандаи зиндагӣ ва кору таҳсил дошта бошанд, худро роҳату амн эҳсос кунанд”.

Ӯ муҳиммияти муҳоҷирати меҳнатиро таъкид карда, оморашонро далел овард, ки ба гуфтааш дар Русия ҳудуди 1,2 миллион тоҷикистониён зиндагӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Русия афзуд, маблағи интиқолдодаи муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Ватан барои иқтисоди кишвар ва хонаводаашон такягоҳи муҳим мебошад.

Ин дар ҳолест, ки садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои нақзи қоидаҳои будубош дар феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруд ба Русия шомил шудаанд. Ҷониби Тоҷикистон аз Русия хоcтори афви муҳоҷирон шудааст ва феълан ин масъала мавриди баррасӣ миёни ду кишвар қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ