Сокини Воронеж ба 50 муҳоҷир "кумак" карду ҷазои сахт гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЭмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото
Эмблема на форме сотрудника полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати ин мард парвандаи ҷиноӣ боз шудаасту гунаҳкорро панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сокини шаҳри Воронеж дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ мутаҳҳам мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Русия.

Ин мард барои муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекардааст.

"Муайян шудааст, ки ин мард барои муҳоҷирон ҳуҷҷатҳоро барои зист ва кор дар ҳудуди Федератсияи Русия омода мекардааст. Қисме аз ин ҳуҷҷатҳо қалбакӣ  буда, қисме маълумоти бардурӯғ дорад",-изҳор дошт сухангӯи ВКД Русия Ирина Волк.

Обучение мигрантов русскому языку - Sputnik Тоҷикистон
ВКД ба волидон: бо фарзандонатон дар муҳоҷират суҳбатҳои "муфид" кунед

Қайд мешавад, ки сокии Воронеж наздики 50 муҳоҷирро "қонунӣ" кардааст.

Зимни кофтуков аз ин мард шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон ёфт шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷино боз шудаасту гунаҳкорро панҷ соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

То 7 сол маҳбас: Русия барои "кумак" ба муҳоҷирон зиндон мекунад

Пештар хабар дода шуд, ки дар Русия ҷазо барои кумак ба буду боши ғайриқонунии муҳоҷирон бо истифода аз мақоми хизматӣ, сангинтар мешавад.

Дар ин қонун барои нафароне, ки барои ворид шудани ғайриқонунии муҳоҷирон ё буду боши онҳо дар ҳудуди Русия миёнаравӣ мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.

Додгоҳ ҳуқуқ дорад, айбдоршавандаро то 200 ҳазор рубл ҷарима баста ба корҳои иҷборӣ равон кунад ё то се сол ба маҳбас фиристад.

Лентаи хабарҳо
0