18:28 18 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Президент РФ В. Путин посетил НПО Энергомаш

Путин гуфт роҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро ба Русия сахт бандед

© Sputnik / Алексей Никольский
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1482 0 0

Президенти Русия Владимир Путин сарҳадчиёни ФСБ-ро бо рӯзи идашон муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik.Сарҳадбобон бояд кӯшиши ворид шудани террористони байналмилаллиро ба ҳудуди Русия бошиддат пешгирӣ кунанд ва шабакаҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор ва бартараф намоянд, изҳор дошт президенти Русия Владимир Путин.

"Марзи Русия дарозтарин дар ҷаҳон аст ва вазифаи шумо ҳифзи он аст. Бояд кӯшиши ворид шудани террористони байналмилаллӣ, экстремистҳо, қочоқи маводи мухаддирро ба ҳудуди Русия сахт пешгирӣ кунед ва шабакаҳои муҳоҷирати ғайриқонуниро ошкор ва бартараф намоед",-гуфт раисиҷумҳури Русия дар навори табрикотӣ ба муносибати Рӯзи сарҳадчиён, ки тариқи телевизиони "Москва 24" намоиш дода шуд.

Путин муҳиммияти азхудкунии техникаи навро барои ҳифзи сарҳад таъкид кард.

Путин аз осонсозии патентгирӣ ва ҳилаи ҳарфивазкунии муҳоҷирон гуфт

Рӯзи сарҳадчиён дар Русия имрӯз-28 май, рӯзи сешанбе таҷлил имешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин замон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рамон ҳам ҷиҳати бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ширкат дар тантанаҳои идона ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ омаданд.

Раисиҷумҳур зимни суханронии худ таъкид намуд, ки "Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд".

"Яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавон, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шудааст",-таъкид кард Раҳмон.

Мавзӯъҳои асосӣ