Даргузашти ногаҳонии “Бабек”, раиси ҷамъияти “Помир”, вакил ва қаҳрамони карате дар Русия

Обуна шудан
Бахтибек Бердов, раиси ҷамъияти “Помир” ва яке аз масъулини “Хонаи миллатҳо” дар шаҳри Санкт-Петербург соати 11-и шаби 30-юми май дар синни 54-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Назар Мирзода, собиқ консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ва раиси ҷамъияти тоҷикон дар ин шаҳр, Бахтибек Бердовро аз ҷумлаи фаъолони ҷамъияти тоҷикон хонда, таъкид намуд, ки даргузашташ талафоти ҷуброннопазир мебошад.

Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Модари Қоҳир Расулзодаро дар оромгоҳи Хистеварз ба хок супурданд

Мирзода гуфт, Бердов қаблан ҷарроҳии талхаро пасисар карда, ахиран баъди бозгашташ аз сафари шаҳри Қазон, ки варзишгаронро он ҷо бурда буд, беморияш боз хуруҷ кардааст.

“Баъди даъвати табиб ӯро ба беморхона мебаранд, аммо худи ҳамон рӯз соати тақрибан 11-и шаб дар беморхонаи Екатеринская даргузаштанд”, - изҳор дошт Мирзода.

Ӯ афзуд, наздиконаш тасмим гирифтаанд, ки марҳумро дар худи Санкт Петербург дар гӯристони мусалмонҳо ба хок супоранд. Дар назар аст, ки баъди анҷоми расмиёт маросими видоъ бо Бердов, ки миёни мардум бо номи “Бабек” маъруф буд, дар худи Санкт Петербург баргузор шавад.  

Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон
220 муҳоҷир ва 80 парванда: боздошти оммавии муҳоҷирон дар Санкт-Петербург

Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Санкт Петербург афзуд, ки Бердовро аз солҳои донишҷӯӣ дар ин шаҳр мешинохт ва дар корҳои ҷамъиятии тоҷикистониён якҷоя фаъолият мекардаанд. Марҳум ҳамчунин дар риштаи варзиш дастовардҳои назаррас дошта, қаҳрамони Аврупо, қаҳрамони чандинкаратаи Санкт Петербург ва ноиби қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар риштаи карате мебошад.

Бахтибек Бердов ҳамчунин ба ҳайси вакили мунисипалӣ дар шаҳри Санкт Петербург аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва яке аз масъулин “Хонаи миллатҳои шаҳри Санкт Петербург” фаъолият доштааст.

Лентаи хабарҳо
0