03:40 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Мулоқот бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Русия

Сатторов ба тоҷикони Русия: дар маъракаҳои мардуми Русия фаъол шавед

© Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
71 0 0

Аз намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон даъват шуд, то дар маъракаҳои ҷамъиятии Русия иштироки фаъол дошта бошанд

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Рӯзи 28 май мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони муқими Федератсияи Русия баргузор шуд.

Дар ин бора хадаомти матбуотии сафорат хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар рафти вохурӣ масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ миёни он созмонҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои муштараки фарҳангию варзишӣ ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шавад.

"Аз намояндагони ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон даъват ба амал оварда шуд, то дар маъракаҳои ҷамъиятии дар шаҳру вилоятҳои Русия баргузоршаванда, иштироки фаъол дошта бошанд",-омадааст дар хабарнома.

Раҳмон бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот мекунад

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳини мулоқот бо намояндагони диаспораи тоҷикон дар Маскав гуфт, ки ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик мебошад, ки дар музокиротҳо бо роҳбарони олии Русия низ доим зикр мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки 5 намояндагии дипломативу консулии Тоҷикистон дар Русия барои ба ҷо овардани хизмати тоҷикистониён ифтитоҳ шудаанд.

Президент ёдрас кард, ки мақомоти тоҷик дар Русия вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон сари вақт вокуниш нишон дода, дар мушкилии онҳо бетараф набошанд.

Пештар хабар дода шуд, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо бо раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия оид ба робитаҳо бо ИДМ Леонид Калашников масоили муҳими ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Русия дар бахшҳои маориф, иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ахбори оммаро баррасӣ кард.

Мавзӯъҳои асосӣ