19:42 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Мағозаи  Магнит, акс аз бойгонӣ

Ирина барои кӯфтани муҳоҷирзани тоҷик ҷаримабандӣ шуд: ҷабрдида ба кумак ниёз дорад

© Sputnik / Максим Блинов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
37710

Додгоҳи ноҳияи Шелковои назди Маскав, Ирина, корманди фурӯшгоҳи “Магнит”-ро дар латукӯби муҳоҷирзан аз Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ, - “Гражданское содействие”, ҳодиса моҳи марти соли равон рух дода, Ирина,  корманди "Магнит", мизоҷи ин мағоза муҳоҷирзан аз Тоҷикистон, модари танҳои ду фарзандро кӯфта, ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.

Қазия аз он сар шудааст, ки Ирина ба писари муҳоҷирзани тоҷикистонӣ “йогурт”-и муҳлаташ гузаштаро фурӯхтааст, ки аз истеъмоли он писари  хурдиаш бемор шудааст, хабар додааст Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ. Дар пайи шикояти  модар, мудир Иринаро сарзаниш кардааст ва ин ҳодиса боиси бадбинии корманди мағоза нисбати модари тоҷик ва фарзандаш гардидааст.

Зимни боздиди навбатии модари тоҷикистонӣ аз мағозаи “Магнит” Ирина хархаша бардошта, ӯро латукӯб намудаасту баҳона пеш овардааст, ки гӯиё ӯ қасди дуздиро дошт.

Бо кумаки ҳимоятгарони Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ, Ирина, ки баъди ин қазия мудири “Магнит” таъин шудааст, дар латукӯби муҳоҷирзани тоҷик гунаҳкор дониста шуда, ҷаримабандӣ шудааст.

Ба иттилои Кумита, ҷабрдида соли 2015 ҳамроҳи шавҳар ва писари 5-солааш  ба Русия омада, аз рӯи ихтисосаш дар беморхонаи рақами 1-и шаҳри Королеви назди Маскав ба ҳайси момодоя ба кор даромадааст. Ӯро шавҳараш дар ҳоле, ки ҳомиладор будааст, тарк намудааст. Ба замми ин фарзанди дуюмаш бо бемории ҷигар таваллуд шуда, модар маҷбур шудааст, момодоягиро канор гузораду ба нигоҳубини фарзанд машғул гардад ва ҳамзамон ба ҳайси пазанда қути лоямути хонаводаро дарёфт кунад. Писари калонияш дастёри хонавода будааст, ки дар гирифтани маҳсулот аз мағоза ва нигоҳубини бародари хурдияш кумак мекардааст.

Ин модар тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон баргардад, аммо ниёзи фарзандаш ба табобат ӯро водор намудааст, ки ҳадди ақал то моҳи август дар Русия бимонад. Ӯ, ки баъди ин қазия аз ҷои кор низ мондааст, ба кумак ниёз дорад ва Кумитаи “Гражданское содействие” аз хайрхоҳон хостааст ба ин модари ниёзманд дасти ёрӣ дароз кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ