14:26 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Обвиняемый по делу об убийстве мастера спорта по греко-римской борьбе Сергея Чуева Аловадин Михроччен

Додгоҳи Маскав шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷурми куштори Чуев маҳкум кард

© Sputnik / Антон Денисов
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
116601

Додгоҳи ноҳияи Черёмушкии Маскав нисбати шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҳукм содир кард

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Черёмушкии Маскав нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо гумони куштори варзишкори рус Сергей Чуев боздошт шуданд, ҳукм баровард, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба сухангӯи додгоҳ Ирина Козаева.

"Мувофиқи қарори додгоҳ панҷ гумонбар дар куштор то 8 августи соли равон ба зиндон равона шуданд",-изҳор дошт ӯ.

Дар ин росто, сафорати Тоҷикистон дар Русия аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дархост карда буд, то ба рафтори кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар боздошти шаҳрвандони ҷумҳурӣ баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Ёдрас мешавем, ки аксҳои таҳқиромези дар Интернет нашршудаи 4 ҷавони тоҷик, ки дар Маскав бо гумони даст доштан дар куштори куштигири рус Сергей Чуев дастгир шудаанд, мавҷи вокунишҳои хашмолуди корбарони тоҷикро ба бор овардааст.

Қаблан дар шаҳри Маскав чаҳор шаҳрванди аз 24 то 29-солаи Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар қатли Сергей Чуев дастгир карданд.

Чуев, устоди варзиш дар куштии юнониву румӣ шаби 7 июн, тақрибан соати 23:00 дар минтақаи ҷанубу ғарби пойтахти Русия кушта шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар пайи як муноқиша як гуруҳи ҷавонон варзишкори 34-соларо ба кӯл партофтаанд. Ташхис нишон додааст, ки Сергей Чуев дар зери об дамгир шудааст. Тафтишот бар ин аст, ки куштори варзишкор дар заминаи авбошӣ сурат гирифтааст.

Кормандони ФСБ ва ВУД-и Русия дар як амалиёти муштарак афроди гумонбар дар қатли куштигир Сергей Чуевро дастгир карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ