13:14 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пожилой человек сидит на скамейке, архивное фото

Русия ба муҳоҷирон ҳаққи бознишастагӣ пардохт мекунад

© Sputnik / Стас Этвеш
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
567 0 0

Дар назар аст, ки қонун дар бораи пардохти нафақа ба муҳоҷирони бознишаста то охири соли равон тасвиб шавад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви Созмони иқтисодии УрОсиё ҳаққи бознишастагӣ пардохт хоҳанд кард, хабар медиҳад Российская газета.

Мувофиқи қарордод дар бораи пардохти нафақа миёни кишварҳои узви Созмони иттиҳоди иқтисодии УрОсиё, давлате, ки муҳоҷир дар он кору фаъолият мекунад, пас аз бозгаштани муҳоҷир ба ватанаш, ҳаққи бознишастагиашро пардохт хоҳад кард.

Ҳамин тар ҳаққи бознишастагӣ барои пардохт ба нафақахӯрон, аз як давлат ба кишвари дигар интиқол дода хоҳад шуд. 

Дар баробари ин таҷрибаи кории андӯхтаи муҳоҷир дар яке аз кишварҳои узви Созмони зикршуда, бо таҷрибаи андӯхтааш дар ватан, якҷо ҳисоб карда мешавад.

Ҳуҷҷати мазкур ҳанӯз моҳи март пешниҳод шуда буд. Моҳи май Вазорати меҳнати Русия тарҳи ин қонунро барои арзёбӣ ба Шӯрои коршиносони назди ҳукумати кишвар равон карда буд.

Дар назар аст, ки қонун дар бораи пардохти нафақа ба муҳоҷирони бознишаста то охири соли равон тасвиб шавад.

Хушхабар: барои муҳоҷирон дар Русия андоз аз даромадро кам мекунанд

Ёдрас мешавем, ки авохири моҳи май дар Нурсултон саммити Созмони иттиҳоди иқтисодии УрОсиё баргузор шуд. Дар чорчӯби ин форум, президенти Русия, Владимир Путин ҳам пешниҳоди пардохти ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷиронро дастгирӣ кард.

Созмони иттиҳоди иқтисодии УрОсиё 29 майи соли 2014 дар шаҳри Нурсултон бо имзои Қарордод миёни кишвардорони Русия, Беларус ва Қазоқистон ташкил шуд.

Каме баъд ду кишвари дигар, Арманистон ва Қирғизистон ҳам ба иттиҳод пайвастанд. 

Имрӯз созмони Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ин тақрибан-200 миллион мардум ва 14 дарсади хушкии замин аст.

Соли 2018 иқтисоди ин созмон то 2,5%, боло рафту ҳамаи кишварҳои аъзо, нашондиҳандаҳои иқтисодии худро чанд маротиба боло бурданд.

Ҳаҷми савдои берунаи иттиҳод, то 18 дарсад боло рафту 753,4 миллиард долларро ташкил дод.

Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
© Sputnik / Данияр Асылбек уулу
Тоҷикистон ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

 

Мавзӯъҳои асосӣ