19:05 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Проверка документов сотрудниками ФМС у иностранных граждан в аэропорту Шереметьево

Узбакистон аз Русия хоҳиш намудааст муҳлати бақайдгирии муҳоҷиронашро дарозтар намояд

© Sputnik / Александр Вильф
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Мақомоти Узбакистон ба Русия пешниҳод намудааст, ки муҳлати бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатиаш ба 15 рӯз тамдид карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik.  Мақомоти Узбакистон аз Русия хоҳиш намудааст муҳлати сабти иқомати муҳоҷирони меҳнатиаш дар ин кишвар ба 15 рӯз тамдид намоянд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Бино бар иттилои вазорати меҳнат ва равобити кории Узбакистон, масъалаи тамдиди муҳлати сабти иқомат дар комиссияи байниҳукуматӣ доир ба рушди муҳоҷират ба Красноярски Русия баррасӣ шуд.

“Гурӯҳи корӣ пешниҳоди мақомоти Узбакистонро нисбати то 15 рӯз тамдид намудани муҳлати сабти иқомати шаҳрвандонаш ба назар гирифтааст”, - таъкид намудааст дар гузориши вазорат.

Инчунин манбаъ қайд намудааст, ки муҳлати сабти иқомати 15 рӯза алакай бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Ба ҳамин хотир ҷониби Узбкистон пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатии ин кишвар низ муҳлати сабти иқомат дар қаламрави Русия то ба 15 тамдид карда шҳавад.

Намояндагони вазорат ҳамчунин зикр намуданд, ки ҷониби Узбакистон алакай лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ миёни Русияву Тоҷикистонро дар бораи эътирофи хулосаи тиббии саломатии муҳоҷирони меҳнатиро таҳия намудааснд.

Барчаспҳо:
Русия, пешниҳод, тамдид, сабти иқомат, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ