21:58 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото

Лоиҳаи қонун дар Русия: муҳоҷирон боҷи давлатӣ пардохт кунанд

© Sputnik / Александр Кряжев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
578 0 0

ВУД ба воситаи ситонидани маблағ мехоҳад муҳоҷиронро дар ҳудуди Русия нигоҳ дорад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия пешниҳод карда, ки барои муҳоҷироне, ки иҷозаи муваққатии иқомат доранд ё иҷозаи иқомат дар Русияро дороанд, боҷи давлатӣ ҷорӣ шавад. Ин қонун ба муҳоҷироне, ки бар асоси патент кор мекунанд дахл надорад, менависад Коммерсант.

Муҳоҷироне, ки бар асоси иҷозаи муваққатӣ ва иҷозаи иқомат - маъмул ба (РВП) ва (ВНЖ) дар Русия ба сар мебаранд, танҳо пас аз пардохти боҷи давлатӣ ба миқдори 1600 ва 3500 рубли русӣ, ҳуқуқи кор карданро пайдо мекунанд.

Қайд мешавад, ки пардохти ин маблағ ба муҳоҷирон даст медиҳад то аз бимаи тиббӣ ва кӯдакистонҳои Русия барои фарзандонашон бархӯрдор бошанд.

Путин вуруди хориҷиёнро ба Русия осон кард

Бояд қайд кард, муҳоҷироне, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, дар ҳудуди ин кишвар дар асоси патент кору фаъолият мекунанд. Маблағи патент дар як сол вобаста аз манотиқ, аз 30 ҳазор то 60 ҳазор рубли русиро дар бар мегирад.

Вале, ВУД Русия бар ин аст, ки муҳоҷирон ба хотири пардохт накардани маблағи патент кӯшиш мекунанд иҷозаи иқомат (РВП) бигиранд, вале ба пуррагӣ намехоҳанд ба ҷомеаи Русия ворид шаванд.

Дар назар аст, ки дар ояндаи наздик ВКД Русия тарҳи ин қонунро ба Вазорати меҳнат ва Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод мекунад.

Лоиҳаи қонун дар Қирғизистон: тоҷикистониён барои кор патент гиранд

Ёдовар мешавем, ки пештар вакилони Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки кормандони фарҳангӣ зимни сафари корӣ дар Русия то 30 рӯз бидуни иҷозатномаи иқомат буду бош кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ