18:57 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Иностранные граждане в очереди на дактилоскопическую регистрацию, архивное фото

Дар Русия теъдоди умумии муҳоҷиронро дақиқ карданд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
882 0 0

Дар Русия теъдоди умумии муҳоҷирони корие, ки ба сар мебаранд, муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Дар Федератсияи Русия беш аз 10 миллион нафар муҳоҷирон ба сар мебаранд. Дар ин бора Парламентская газета бо истинод ба маълумоти роҳбари идораи кор бо муҳоҷирони Вазорати умури дохилаи Русия, Валентин Казаков хабар додааст.

Бар хабари манбаъ, теъдоди бештари муҳоҷиронро, шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ташкил медиҳанд.

"Теъдоди бештари онҳоро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд, ки шумораи умумии онҳо ба беш аз 4 миллион нафар баробар аст",- изҳор доштаст Казаков.

Зимнан Казаков илова намуд,ки вуруди муҳоҷирони корӣ ба қаламрави Русия рӯ ба коҳиш ниҳодаст.

Тоҷикистон қаблан дар феҳрасти кишварҳои, ки аз ҳама беш шаҳрвандонаш ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия мераванд, дар мақоми саввум қарор дошт. Аммо солҳои ахир теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон  низ моҳи апрели соли равон дар Маскав аз коҳиши вуруди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия хабар дода буд.

Ҳамзамон Пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоии Академияи хоҷагии қишлоқ ва хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия дар пайи як таҳқиқот изҳор доштааст, ки ба ҳолати 1 майи соли 2019 таъдоди тоҷикистониён, ки муваққатан дар Русия қарор доранд, 1 миллиону 255 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи қонун дар Русия: муҳоҷирон боҷи давлатӣ пардохт кунанд

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, теъдод, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ