22:35 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Трудовые мигранты, архивное фото

Вазорати меҳнат ихтилофи омори Тоҷикистону Русияро дар бораи теъдоди муҳоҷирон шарҳ дод

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
313 0 0

Бино бар иттилои масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шумори умумии муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Русия қарор доранд ҳамагӣ 484 ҳазор нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik.  Ба гуфтаи Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон оморе, ки Русия дар бораи теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пешниҳод мекунад ба ҳақиқат наздик нест.

Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон 

Вай афзуд, оморе, ки ҷониби Русия пешниҳод менамояд, ки гӯё дар ин кишвар беш аз 1,2 миллион, муҳоҷири меҳнатӣ қарор дорад воқеъият надорад, чунки ин омори умумии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки дар давоми сол ба Русия сафар мекунанд.

Пажуҳишгоҳи назди раисҷумҳур теъдоди дақиқи тоҷикистониҳоро дар Русия гуфт

“Дар ин инҷо тақсимбанди дорад, яъне дар ин омор шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ мекунанд ё шаҳрвандӣ ва иҷозати иқомат доранд. Дигар гурӯҳ  шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба Русия ба Русия барои таҳсил, сафарҳои хизматӣ мераванд. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди ним миллион аст, яъне 484 ҳазор нафар буд”, - таъкид дошт вай.

Инчунин Саидасрор Саидов қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар Русия 300 ҳазору 284 нафар муҳоҷирӣ корӣ ба қайд гирифта шудааст.

Вай инчунин зикр кард, ки Вазорати меҳнат барои беҳтар намудани ҳисобу китоби шумори муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои зарурӣ меандешад ва кушиш дорад дар оянда ин оморҳоро боз ҳам беҳтару дақиқтар намояд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоии Академияи хоҷагии қишлоқ ва хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия дар пайи як таҳқиқот изҳор дошт, ки ба ҳолати 1 майи соли 2019 таъдоди тоҷикистониён, ки муваққатан дар Русия қарор доранд, 1 миллиону 255 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, соли 2014 ин нишондод ба 1 миллиону 137 ҳазор нафар баробар буд.

Пажуҳишгарон мегӯянд, тайи соли гузашта теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Русия 171 ҳазор нафар, аз Узбакистон – 173 ҳазор ва аз Қирғизистон – 73 ҳазор нафар афзоиш ёфтаанд.

Пажуҳишгоҳ таъкид кардааст, ки дар маҷмуъ ба ҳолати 1 майи соли равон дар қаламрави Русия 9,8 миллион хориҷӣ қарор доштаанд, ки 86 дарсади онҳоро шаҳрвандони кишварҳои ИДМ ташкил дода, аз ин шумора 4,1 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи апрели соли равон дар Маскав аз коҳиши вуруди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Русия хабар дод.  Ҳамтои русиягияш Владимир Путин изҳор дошт, ки феълан дар Русия 1,2 миллион тоҷикистонӣ фаъолият доранд.

Барчаспҳо:
ихтилофот, Русия, муҳоҷирони корӣ, омор, теъдод, муҳоҷирон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2913
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    601
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    490