09:04 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Трудовые мигранты, архивное фото

Вазорати меҳнат дар бораи оғози муҳоҷирати корӣ ба Қатару Кореяи Ҷанубӣ тавзеҳ дод

© Sputnik / Павел Лисицын
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
309 0 0

Ба гуфтаи масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, оғози муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар ба Қатар аз тасдиқи созишнома дар Парлумон вобаста будааст. Дар ҳамин ҳол, Кореяи Ҷанубӣ ба сабаби вазъи начандон хуби бозори меҳнаташ аз қабули муҳоҷирони тоҷик даст кашид.

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва давлати Қатар оид ба танзими қуваи корӣ 3 февари соли равон зимни сафраи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Вай афзуд,  санади мазкур ҳоло дар баррасии парлумонҳо ду кишвар қарор дорад.

Сумангул Тағойзода 5 бартарии ирсоли муҳоҷирони тоҷикро ба Қатар гуфт

“Мо умедвор ҳастем, ки баъд аз тасдиқ ё ратификатсияи ин созишнома корҳо дар ин самт шурӯъ мегарданд. Алакай мо дар кишвар махзани иттилотӣ эъҷод кардем ва дар он вобаста ба ихтисосҳое, Қатар ҳастанд, маълумот пешниҳод менамоем”, - гуфт вай.

Беш аз 60 соҳибкори кореягӣ барои иштирок дар форуми иқтисодӣ ба Душанбе меоянд

Саидасрор Саидов инчунин қайд намуд, ки дар ҳоли ҳозир, вобаста ба ҳар як ихтисос довталабон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмин Сангинов, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, масълаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ бо мақомоти ин кишвар баррасӣ гаштааст.

Ба гуфтаи вай, масъулини вазорати меҳнат онҳо бо намояндаи муқомоти Қорея, ки ахиран ба Тоҷикистон сафар доштанд, ин масъаларо баррасӣ карданд.

“Зимни гуфтушунид ҷониби Қорея қайд намуд, ки тайи се соли ахир вазъи бозори меҳнат дар кишвараш хуб нест ва давоми се соли ахир ба ягон кишвари хориҷӣ квотаҳои иловагӣ, ғайр аз он, ки то имрӯз муқаррар карда шудааст, ҷудо карда нашудааст”, - таъкид намуд муовини якуми вазири меҳнат.

Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Вай инчунин таъкид дошт, ки нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи сафари кориаш ба Тоҷикистон бо мақомоти кишвар ин масъаларо баррасӣ карданд.

“Сарвазири Корея зимни сафари кории худ дар сатҳои гуногун дар бораи вазъи мушкили бозори меҳнати худ қайд карданд, аммо бо назардошти рушди бозори ин кишвар мо умедвор ҳастем, ки ин масъала ҳаллӣ худро пайдо хоҳад кард”, -гуфт  Эмин Сангинов, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
Вазорати меҳнат, шарҳ, муҳоҷират, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ