Кафшергари тоҷикистонӣ дар Ханта- Мансийский аз зарби пояи 3,5 метра ҷон аз даст дод

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты работающие на стройках. Архивное фото
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ханта-Мансийский Русия як муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки дар сохтмон ҳамчун кафшергар кор мекард, ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik.  Бар хабари расонаҳои маҳаллии ин манотиқ, муҳоҷири тоҷикистонӣ аз зарби пояи 3,5 метра, ки ба сари ӯ сарозер шудаст, ба ҳалокат расидаст.

Рабочие на стройке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷири тоҷик дар як сохтмони шаҳри Маскав ба ҳалокат расид

Гуфта мешавад, ҳодисаи мазкур санаи 2 август дар ҳудуди сохтмони меҳмонхонаи "Ладя"ба вуқӯъ омадаст.

 Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки яке аз иншооти оҳану бетонӣ аз он чи ки лоиҳа пешбинӣ карда буд, баландтар будаст.

 Бо иштибоҳ, бинокорон дарозии онро  коҳиш надода, балки сохтори бетонро то андозаи лозимӣ бурданд.

Иштибоҳи сохтмончиён ба он оварда расонид, ки сутуни 3,5 метра ба сари кафшергари тоҷик, ки дар макони сохтмон кор мекард сарозер  шуд.

Нохушии маргбор: лӯлаҳои обгузар дар Маскав се муҳоҷирро зер карданд

Бо вуҷуди он, ки ҷабрдида фавран ба мошини ёрии таъҷилӣ дар беморхона интиқол ёфт, вале табибон натавонистанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Ҳалокати як сохтмончии ҷавони тоҷик дар вилояти Ленинград

Маълум аст, ки ин  шаҳрванди Тоҷикистон дар як сохтмон дар ҳайати як дастаи ҳамгирошуда кор мекард ва мутахассиси кафшергар  будаст.

Ширкате, ки марҳум дар он ҷо фаъолият дошт, ваъда додааст, ки интиқоли ҷасадашро ба ватан ба зиммаи худ мегирад ва ба оилаи вай кумаки моддӣ мерасонад.

Роҳбари ширкати ҶДММ "СПС-9" Валерий Лапшов дар робита ба ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон иброз дошт, ки агар ин муҳоҷир рӯбарӯи сутун меистод, зинда мемонд.

Айни замон дар ширкати мазкур тафтишоти дохилӣ ҷараён дошта, сабаби рух додани ин ҳодиса муайян мешавад.

То ҳол масъулият бар дӯши сохтмончиён вогузор шудааст, гуё онҳо талабот ва қоидаҳои бехатариро сарфи назар кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0