Коженов гуфт, кадом вақт "дил" - и муҳоҷирон шод мешавад

© SputnikКоженов Вадим, архивное фото
Коженов Вадим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вадим Коженов президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия бар ин аст, ки варзиш диаспораи тоҷиконро муттаҳид карда, маҳзунии ҷамъиятиро бартараф менамояд

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Рӯзи 4 август дар Маскав қаҳрамонии футбол барои дарёфти Ҷоми "Нур" бо ширкати 17 даста ҷамъбаст гардид.

Ҷоми Нур сабқати футбол дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Беҳтарин лаҳзаҳо аз бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Нур" дар Маскав: аксҳо

Сабқат натанҳо бозигарони беҳтаринро муайян кард, балки ҳаводорони зиёдеро гирди футбол ҷамъ овард, ки ба хотири дастгирии дастаҳои дӯстдоштаашон майдонро пур карда буданд.

Ситоиши Коженов аз фаъолияти созмонҳои "Нур" ва "Помир" дар Русия

Ба фикри раиси Федератсияи футболи Русия, Вадим Конежов чунин сабқатҳо дар зиндагии муҳоҷирони тоҷик аҳамияти хос доранд.

"Мардум гуфгутӯ мекунанд, вақташонро хуш мегузаронанд ва ба корҳои нодаркор даст намезананд. Рӯҳияи манфии ҷамъият дар чунин ҳолатҳо худ бартараф мешавад", - гуфт Коженов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Шиа бошӣ ва ё суннӣ гуноҳ нест: навори таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Коженов фаъолияти созмони ҷамъиятии "Нур" - ро қайд карда, гуфт, ки доим барои тоҷикони Маскав сабқатҳо ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мекунад.

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Лентаи хабарҳо
0