10:23 24 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото

Муҳоҷирони тоҷик дар Петербург ба чоҳи лифт сарозер шуданд

© Sputnik / Александр Кряжев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
278 0 0

Муҳоҷирони тоҷик пас аз сарозер шудан ба чоҳи лифт бевосита худашон пиёда то бемористони наздиктарин расиданд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик, ки ба кори сохтмонӣ дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Санкт- Петербург машғул буданд, аснои кор дар маҳалли сохтмон ба чоҳи лифт сарозер шуданд, хабар медиҳад сомонаи "Фонтанка".

Бар хабари манбаъ, муҳоҷирони корӣ бо латми сутунмӯҳра ва қабурғаҳои шикаста бевосита худашон пиёда то бемористони наздиктарин роҳ гашта, расиданд.

Зимнан пизишкони бемоистони Ионнаи муқаддас, ки муҳоҷирони тоҷик дар он ҷо қарор доранд, вазъи саломатии ду муҳоҷирро вазнин арзёбӣ намуда, онҳоро ба шӯъбаи эҳёгарӣ гузаронданд.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл низ дар шаҳри  Санкт- Петербург дар яке аз биноҳои сохтмонӣ, муҳоҷири тоҷик аз ошёнаи 12 - уми бинои навсохт ба чоҳи лифт сарозер шуд.

Садамаи мудҳиши 18 муҳоҷири тоҷик, ки аз Русия ба Ватан бармегаштанд

Кормандони ёрии таъҷилӣ ин муҳоҷирро фавран ба беморхона интиқол доданд ва пизишкон дар ӯ осеби сахти мағзи сар, латм хӯрдани  сутунмӯҳра ва шикасти чанд ҷойи баданашро муайян намуданд.

Барчаспҳо:
сарозер, тоҷик, муҳоҷир, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ