Беш аз 44 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон хостори кӯч бастан ба Русия шуданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПоезд из Средней Азии, архивное фото
Поезд из Средней Азии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сар аз соли 2013 наздики 44 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани шаҳрвандии Русия ба намояндагиҳои ВУД Русия оид ба муҳоҷират, муроҷиат намудаанд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бобати гирифтани шаҳрвандии Русия коҳиш наёфта, ҳамоно фаъолона аз тариқи барномаи кӯчонидани ҳамватанон ба Федератсияи Русия ҳуҷҷат месупоранд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости аз қавли роҳбари намояндагии ВУД Русия оид ба муҳоҷират Владислав Маркевич.

"Давоми моҳҳои январ-июни соли равон дархости беш аз 5000 довталабони ба даст овардани шаҳрвандии Русия қабул гардидаст. Аз соли 2013 бошад, ба мақомоти марбута наздики 73 000 шаҳрвандони Тоҷикистон муроҷиат намудаанд",- изҳор намудаст Маркевич

Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон
Барномаи кӯчонидани ҳамватанон ё талоши тоҷикон барои гирифтани шаҳрвандӣ

Зимнан, Маркевич илова намудаст, ки танҳо соли гузашта дархости 2,5 ҳазор нафар қабул гардидаст, ва  агар ҳамаи аъзо хонаводаи муроҷиаткунандагонро ҳисоб кунем, то беш аз даҳ  ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Шумораи тоҷиконе, ки мехоҳанд ба Русия кӯчанд, то рафт зиёд мешавад

Гузашта аз ин тӯли шаш моҳи охири соли равон наздики 1,1 ҳазор муроҷиатномаҳо дастрас шудаст, ки наздики 4.5 ҳазор нафарро дар бар мегирад.

Маврид ба ёдоварист, ки қаблан Маркевич зикр намуда буд, ки дар байни ҳамаи давлатҳои ИДМ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаи давлатии кӯчонидани аҳолӣ ба Русия афзалиятҳои назаррас доранд.

Ба изҳори ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи низоми будубош ва ҳуқуқи кор дар қаламрави ин кишвар аз имтиёзҳои бештар бархурдор ҳастанд.

Лентаи хабарҳо
0