Дар Балашиха ду корманди пулисро барои латукӯби муҳоҷирон аз кор пеш карданд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкСотрудник полиции, архивное фото
Сотрудник полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Русия дар вилояти Маскав аз ронда шудани ду корманди пулис хабар медиҳад, ки дар тамаъҷӯӣ ва латукӯби ду муҳоҷир айбдор дониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik.  Бар хабари сухангӯйи ВУД Русия дар вилояти Маскав Татяна Петровна, кормандони пулис пас аз латукӯб намудани ду муҳоҷир аз кор ронда шуданд.

Полицейские машины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия корманди пулис барои ришваситонӣ аз муҳоҷир боздошт шуд

Петровна мегӯяд, онҳо бо ин амали худ шарафи кулли кормандони мақомоти дохили Русияро паст заданд.

Зимнан қайд гардид, ки кормандони пулисро ба ҷузъ аз вазифа бенасиб шуданд, ҳамзамон ҷавобгарӣ дар назди қонун низ интизор аст.

Дар Маскав ниқобпӯшони силоҳбадаст муҳоҷиронро ғорат ва латукӯб карданд

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи латукӯби ду муҳоҷир аз ҷониби кормандони пулис дар ноҳияи Балашиха сурат гирифта буд.

Гуфта мешавад, маъмурини пулис вориди манзиле шудаанд, ки муҳоҷирони корӣ ба таъмири он машғул буданд. Онҳо муҳоҷиронро зери мушту лагад қарор дода, маблағ талаб мекарданд.

Боздошти 80 муҳоҷир аз Тоҷикистон дар вилояти Владимир

Дар натиҷа, муҳоҷирон барои раҳо шудан аз чанголи пулис худро аз ошёнаи дувум ба замин партофтанд ва осеби ҷисмонӣ ёфтанд.

Феълан муҳоҷирони корӣ дар яке аз бемористонҳои ноҳияи Балашиха қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0