12:28 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Владимир Колоколтсев ва Рамазон Раҳимзода дар Маскав

Афви муҳоҷирону муносибати хуби пулис: хостаҳои Раҳимзода дар Маскав

© МВД РФ
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1270 0 0

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, бо ҳамтои русиягияш мусоидат ба афви тоҷикистониёни мамнуъ-ул-вуруд ва хуб намудани муносиботи пулисҳои Русия бо муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мулоқоти Раҳимзода бо генерал Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия имрӯз дар ҳошияи Мушовараи муштарак баргузор шуд.

Афви муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар рӯйхати афроди мамнуъ-ул-вуруд дар Русия шомил шудаанд, аз масъалаҳои меҳварии мулоқот буд, хабар дод ВУД.

Раҳимзода инчунин бархӯрди кормандони пулис бо муҳоҷиронро дар Русия ба миён гузошта, аз Колоколтсев хостааст, муносибати хуб намудани кормандони пулис бо муҳоҷиронро дархост кардааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон  ҳамчунин тибқи қонун дастгир намудани муҳоҷирон аз тарафи кормандони пулиси Русияро баррасӣ кардааст.

Ба миёни гузоштани афви муҳоҷирон дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик изҳори умед карданд, ки то охири соли ҷорӣ ин масъала ҳалли худро меёбад.

Раҳмон: муҳоҷирон кам шудаанд. Путин: 1,2 миллионанд: суҳбат аз теъдоду пулашон – видео

Саидасрор Саидов, сардори раёсати муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт,  мақомоти кишвар ҳамроҳ бо мақомоти Русия масъалаи афви муҳоҷирони меҳнатро баррасӣ дорад ва имкон дорад то охири сол ин масъала ҳалли худро пайдо намояд. 

Барчаспҳо:
пулис, муносибат, муҳоҷирон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ