18:47 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Специалист в области миграционного права Дмитрий Михайлов

Коршинос : то Тоҷикистон ба ИИУ напайвандад, муҳоҷирон авф нахоҳанд шуд

© из личного архива Дмитрия Михайлова
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
383 0 0

Коршиноси масоили ҳуқуқи муҳоҷирон Дмитрий Михайлов дар бораи бартариятҳо ва сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик гуфт

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар ҳошияи сафари худ ба Маскав бо ҳамтои русиягияш Владимир Колоколтсев масъалаи авфи муҳоҷиронро баррасӣ кард.

Афви муҳоҷирону муносибати хуби пулис: хостаҳои Раҳимзода дар Маскав

Ба гуфти коршиноси масоили ҳуқуқи муҳоҷирон Дмитрий Михайлов, "муҳоҷирони тоҷик дар қиёс бо ҳамтоёнашон аз дигар кишварҳои ИҶШС аллакай бартарият доранд".

Яъне муҳлати ба қайд гирифтани шаҳрвандони хориҷӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон тамдидшуда аст. Ҳамин тавр, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳудуди Русия ворид мешавад, бояд дар давоми 15 шабонарӯз худро дар ҷое ба қайд бигирад, дар ҳоле, ки барои дигар муҳоҷирон 7 рӯз муқаррар шудааст.

"То замони пайвастани Тоҷикистон ба ИИУ (Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё) барои муҳоҷирони тоҷик ягон сабукиҳо дар назар нест", - изҳор дошт Михайлов дар суҳбат бо радиои Sputnik.

Коршинос аз он изҳори нигаронӣ кард, ки агар маъракаи авф доир шавд ҳам, аксари муҳоҷирон аз он бехатар хоҳанд монд.

Боздошти роҳзанҳои мусаллаҳ дар Маскав: сипоси Колоколтсев ба Раҳимзода-видео

Чунин хабарро муҳоҷирон дар аксари ҳолатҳо аз раисони созмонҳои муҳоҷиратӣ ё диаспораҳо ва созмонҳои ҳуқуқию назди консулгариҳо, мешунаванд.

"Муҳоҷирон дар аксари ҳол ҳатто хабар надоранд, ки метавонанд дар Русия қонунӣ шаванд", - хулоса кард, коршинос.

Барчаспҳо:
пайвастан ба ИИУ, Тоҷикистон, муҳоҷирон

Мавзӯъҳои асосӣ