17:35 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Рабочие на строящемся объекте

Шикояти Кариму Дилмурод боиси баргардондани ду миллион ҳақмузди муҳоҷирони тоҷик шуд

CC0 / Unsplash / Guilherme Cunha
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
32410

Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, муҳоҷирони тоҷик тавонистанд ҳақмузди ҳалоли худро, ки ба 2 миллион рубли русӣ баробар буд, баргардонанд

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору фаъолият мекунанд, дар аксар маврид аз ҷониби корфармоёни худ фиреб мехӯранд.

Ахиран маблағи 2 миллион рубли русӣ, ки корфармоён аз пардохти он ба муҳоҷирони тоҷик саркашӣ намуданд, тавассути Хадамоти муҳоҷират баргардонда шуд, иттилоъ медиҳад агентии ТоҷикТа бо истинод ба сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов.

"Бо дахолати бевоситаи Хадамоти муҳоҷират ба ду "бригадаи" тоҷик, ки дар ширкатҳои сохтмонии шаҳри Маскав кору фаъолият мекарданд, вале ҳақмузди худро гирифта натавонистанд, 2 миллион рубли русӣ дода шуд", - изҳор намудааст Иброҳим Аҳмадов.

Бар тибқи маълумоти ӯ моҳи сентябри соли равон, сокини шаҳри Хуҷанд Ҳилолов Карим  бо аризаи шикоятӣ ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуд, ки ҳамроҳ бо як гурӯҳи тоҷикон дар ширкати сохтмонӣ фаъолият мекунанд ва давоми чанд муддат ҳақмузди худро гирифта наметавонанд.

Зимнан намояндагони хадамоти мазкур бо роҳбарияти ин ширкат дар тамос шуда, талаб намуданд, ки  маблағи тибқи шартномаи кории муайянкардаи муҳоҷиронро билфосила пардохт кунанд. 

Митрофанова: Русия бештар ба кадом мутахассисони хориҷӣ ниёз дорад

Ҳамин тариқ роҳбарияти корхона 700 ҳазор рубли русии музди меҳнати муҳоҷирони тоҷикро баргардонд, зикр намудаст Иброҳим Аҳмадов.

Гузашта аз ин Аҳмадов илова намудаст, ки айнан моҳи октябри соли ҷорӣ, Дилмурод Муҳаммадов сокини шаҳри Турсунзода аз номи як гурӯҳ муҳоҷирони кории Тоҷикистон  ба хадамоти мазкур муроҷиат намуда изҳор дошт, ки корфармо аз пардохт намудани ҳақмузди онҳо саркашӣ мекунад. 

Бо дахолати Хадамоти муҳоҷират 1,5 миллион рубли русии муҳоҷирон аз корфармои онҳо баргардонда шуд.

Барчаспҳо:
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, баргардонидан, муҳоҷирон, пул, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ