03:08 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Кордкашиву занозании муҳоҷирони тоҷик дар наздикии Красногорски Русия: шаш нафар осеб дид

© Sputnik / Табылды Кадырбеков
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
862 0 0

Мақомоти Русия аз занозании дастаҷамъонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар наздикии шаҳри Красногорски Русия хабар додааст. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Русия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дорад

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз ширкати муҳоҷирони тоҷик дар дар занозании дастаҷамъона дар деҳаи Дмитровский назди шаҳр Красногорски Русия хабар додааст.

Дар ин бора рӯзномаи “Комсомолская правда” дар истинод ба сарчашмаҳои худ аз Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, миёни ду гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик ҷанҷол оғоз шудааст, ки дар натиҷа ба занозании дастаҷамъона табдил ёфтааст. Сипас баъзе аз нафароне, ки дар занозанӣ иштирок доштанд кордкашӣ намуданд.

Тибқи иттилои пешакӣ дар занозани мазкур 11 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ иштирок намуданд. Пас аз занозанӣ ба шаш нафари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ёрии тиббӣ лозим шудааст.

Ҳамаи ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки  синнашон аз  21 то 31-соларо ташкил медиҳад. Панҷ нафари онҳо бо корд захмӣ шуда як нафари дигар сахт лат хурдааст.

Муҳоҷирони дигаре, ки дар ин занозанӣ иштирок намуданд, пеш аз омадани кормандони пулис аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Тавре манбаъ қайд намудааст дар ҳоли ҳозир нисбати ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
осеб, тоҷик, дастаҷамъона, занозанӣ, кишвар, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ