02:24 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Корхонаи муштараки Зарафшон, акс аз бойгонӣ

Амалиёти “Нелегал”-и мақомоти тоҷик дар корхонаҳои чинӣ: камбудӣ нест, обуна шавед

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
217 0 0

Мақомоти тоҷик дар корхонаҳои бузурги чинӣ, ки дар водии Зарафшон фаъолият доранд, амалиёти шартии “Нелегал” гузаронда, бо роҳбарияти ин корхонаҳо масъалаи ташкили обуна ба рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”-ро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мақсад аз амалиёти муштарак таҳти унвони шартии “Нелегал”, пеш аз ҳама, пешгирии қонуншиканию ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамзамон танзими муҳоҷирати меҳнатии онҳо дар қаламрави кишвар аст.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки гуруҳи корӣ, дар ҳайати Алишер Хидиров, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан ва Фаррух Самадов, сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Суғд, дар корхонаи муштараки “Зарафшон”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент ва “ТВЕА”, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ санҷиши назоратӣ гузаронд.

Маълум шудаст, ки айни замон тибқи Созишномаҳои байниҳукуматӣ ва квотаи муқарраргардида дар ҶДММ “Корхонаи муштараки Зарафшон” 75 нафар ва дар ҶДММ  “ТВЕА” 67 нафар мутахассисону коргарон аз Ҷумҳурии мардумии Чин фаъолият мебаранд.

“Зимни санҷиши назоратӣ ягон ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба қайд гирифта нашуд”, - таъкид кардааст Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъалаи шароити ногувори кормандони тоҷик дар корхонаи тавлиди тиллои "Зарафшон" мавриди интиқод қарор гирифта буд. 

Хадамоти муҳоҷират тавзеҳ дод, ки санҷиши назоратӣ ва таҳлили гузаронидашуда нишон дод, ки бинобар мунтазам бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вақтҳои охир шаҳрвандони хориҷӣ камтар ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ медиҳанд ва будубоши онҳо аз ҷониби роҳбарияти корхонаҳояшон ҳам сахт назорат мешавад.

“Аъзои гурӯҳ ҳангоми суҳбат бо роҳбарият ҳамзамон масъалаи ташкили обуна ба рӯзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”-ро баррасӣ карданд”, - таъкид шудааст дар охири матлаб.

Барчаспҳо:
Корхонаи муштараки “Зарафшон, корхона, муҳоҷират, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ