Арзиши “Патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар вилояти Маскав боло рафт

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкВыдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото
Выдача патентов в миграционном центре Московской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Арзиши патент ё иҷозати кор барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 боло бурда мешавад ва 5350 рублро ташкил хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вакилони парлумони вилояти Маскав қонунеро қабул намуданд, ки тибқи он арзиши “патент” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин вилоят ба 350 рубл гаронтар хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Москва”.

Нархи патент аз соли 2020 боз гаронтар мешавад

Ҳамин тавр дар соли 2020 арзиши патент ё иҷозатномаи кор дар ин минтақа 5350 рублро ташкил медиҳад.

Бояд қайд, ки дар соли 2019 арзиши патент дар ин минтақа 4750 рублро ташкил медод, аммо дар соли 2018 арзиши патент 4500 рубли русӣ буд.

Қаблан мақомоти шаҳри Санкт-петербург низ эълон карда буд, ки арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар соли 2020 боло бурда мешавад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ахиран шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфта буд, ки бояд ба муҳоҷирони меҳнатӣ бештар патент дода шавад. Ба гуфтаи вай , меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба шаҳрвандони Русия набояд арзонтар бошад.

Ҳамчунин вай гуфт, ки имсол нисбат ба соли гузашта шаҳрвандони хориҷӣ бештар бақайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0