08:48 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
530 0 0

Кормандони пулиси вилояти Рязан сокини маҳаллиро боздошт намуданд, ки бо корд ба муҳоҷирон ҳамла оварда як нафарро кушт ва чанд тани дигарро захмӣ намуд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар Рязан гумонбар дар ҳамла ба муҳоҷирони меҳнатӣ боздошт шуд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти мазкур.

Тафтишоти ин қазия ҳанӯз 9 - уми декабри соли равон, пас аз  он шурӯъ шуд, ки  ҷасади яке аз шаҳрванди кишварҳоии Осиёи Марказӣ аз ҷониби пизишкони мошини Ёрии таъҷилӣ дарёфт шуда буд.

Муҳоҷирони тоҷик худро гунаҳкори задухӯрд дар мазори Хованский намешуморанд

Ба маълумоти Кумитаи тафтишоти вилояти Рязан, гумонбар ба се нафар муҳоҷирон, ки дар мошин қарор доштанд наздик омада бо суханони қабеҳ ба муноқиша сар кард. Зимнан бо корди дар дасташ буда ба онҳо ҳамла оварда ду нафари онҳоро сахт маҷрӯҳ  ва як ҳамроҳашонро  ба қатл расонд.

Гуфта мешавад яке аз захмбардоштагон бо иллати ҷароҳати вазнин ба беморхона интиқол ёфт.

Маълум гардид, ки ҳамлагар сокини 35 - солаи маҳаллӣ буда,  феълан дар боздошт қарор дорад.

Шахсияти ҳалокшуда ва ду нафари захмбардошта то ҳол маълум нест.

Барчаспҳо:
боздошт, муҳоҷир, ҳамла

Мавзӯъҳои асосӣ