14:00 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Вазири умури муҳоҷирони Афғонистон ҳушдор додааст, ки агар пеши афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар гирифта нашавад, мавҷи нави муҳоҷират рух хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Саид Ҳусайни Оламӣ Балхӣ дар маросими Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират дар Кобул, бо баёни ин ки Афғонистон бо ноамнии шадид ру ба ру аст ва ҳануз заминаи бозгашти муҳоҷирон ба ин кишвар фароҳам нест гуфт, таи панҷ соли гузашта беш аз чаҳор миллион паноҳҷӯ ва дар соли 2019 ҳудуди 500 ҳазор нафар ба Афғонистон бозгашта, ки бештари онҳо дар Эрон ва Покистон иқомат доштаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бино бар иттилои манбаъ, Саид Ҳусайни Оламӣ Балхӣ, вазири умури муҳоҷирони Афғонистон қайд кард, ки дар соли равон беш аз 603 ҳазор нафар дар дохили ин кишвар хонаҳои худро аз даст додаанд, ва агар ба онҳо кумак расонида нашавад ин нафарон метавонанд даст ба муҳоҷират зананд.

Ба гуфтаи вазири муҳоҷирини Афғонистон, аз соли 2002 то 2018 маҷмуи бозгашткунандагон ба ин кишвар ба 10 миллиону 163 ҳазор расида, аммо ҳануз беш аз шаш миллиону 500 ҳазор муҳоҷири афғон дар берун аз Афғонистон ба сар мебаранд.

Ҳушдори вазири умури муҳоҷирини Афғонистон дар бораи эҳтимоли афзоиши муҳоҷират аз ин кишвар дар асари шидат гирифтани ноамниҳо ҳокӣ аз нигаронии мақомоти давлати Кобул аз сарнавишти ашхосе аст, ки бо умеди зиндагии амн ва рифоҳи бештар хатароти бузургеро барои рафтан ба дигар кишварҳо аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ таҷриба мекунанд.

Бахше аз суханони вазири умури  муҳоҷирини Афғонистон дар бораи пайёмадҳои афзоиши ноамнӣ дар ин кишвар аз ҷумла шидат ёфтани муҳоҷиратҳо бархоста аз ҳаводиси маргборест барои паноҳҷӯён дар масири рафтан ба Аврупо ва ё дигар кишварҳо барои онҳо рух медиҳад.

Барчаспҳо:
ҳушдор, кишвар, муҳоҷират, кишварҳо, ҷилавгирӣ аз ноамниҳо, муҳоҷирон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ