Раҳмон бо Путин масъалаи авфи муҳоҷиронро баррасӣ кард

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкРабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Кыргызстан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, муҳокима шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Рӯзи 20 декабр дар шаҳри Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.

"Зимни вохурӣ рафти татбиқи тадбирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус масъалаи эълони авфи навбатии муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, муҳокима карда шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани артиши Тоҷикистон бо лавозимот ва техникаи муосири низомӣ тибқи барномаҳои қабулшуда баррасӣ шуданд.

Афв, патент ва интихоботи 2020: Раҳмон ба муҳоҷирон аз гуфтушунид бо Путин гуфт

Тибқи иттилои котибот, зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмиллаливу минтақавӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар ишора ба ҳолати имрӯзаи нигаронкунандаи Афғонистон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро таъкид карданд.

Путин гуфт, чӣ гуна муҳоҷирон дар Русия роҳат бошанду бумиҳоро ошуфта накунанд-видео

Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0