Одамкушӣ ва дуздии чорво: дар Урал ду тоҷикистонӣ ба 16 соли зиндон маҳкум шуданд

© AFP 2023 / PHILIPPE HUGUENТюремный охранник стоит перед тюремной решеткой
Тюремный охранник стоит перед тюремной решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Свердловский ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои содир намудани ҷинояти одамкушӣ ва дуздии ҷорво ба мӯҳлати 16, 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Додгоҳи ин вилоят рӯзи ҷумъа дар қиболи ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо ҷурми одамкушӣ ва дуздии чорво муттаҳам мешаванд, ҳукм баровард.

Лейтенант полиции проверяет документы у мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
То 7 сол зиндон: дар Русия ҷазо барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ сангинтар мешавад

"Муттаҳамон ронандаи мошини боркашро ба қатл расонда, мошини ӯро барои содир кардани як ҷинояти дигар: дуздидани чорво, рабуданд", - гуфта мешавад дар хабари котиботи Додгоҳи Свердловский.

Манбаъ меафзояд, суд Маҳмадалӣ Наврӯзовро ба мӯҳлати 16 солу 6 моҳ ва ба ҳамроҳи ӯ Собирҷон Қосимов 16 соли маҳрумият аз озодӣ дод. Ҳар дуи онҳо дар муасиссаи ислоҳии низомаш шадид нигаҳдорӣ мешаванд.

Додгоҳи Русия ҳукми 8 шаҳрванди Тоҷикистонро эълон мекунад: рӯйхати айбдоршавандаҳо

Гуфта мешавад, рӯзи 2 - юми дукабри соли 2018 ба баҳонаи интиқол додани ҷиҳоз аз деҳаи Дубровои Болоӣ ба Екатеринбург онҳо ронадаи мошини боркашро киро карданд. Аммо дар асл онҳо мехостанд мошини боркашро ба даст оранд ва сипас аз як ферма чорво дузданд.

Зикр мегардад, ки онҳо савори мошин ба як макони беодам расида, ронандаро аз мошин берун карданд ва бо болға чанд маротиба ба сари ӯ зарба расонданд. Аз ҷароҳатҳои бардошта ронандаи мошини боркаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Муҳоҷири тоҷикистониро барои интиқоли маводи мухаддир 13 сол равонаи зиндон намуданд

Зимнан, муттаҳамон мошини боркашро рабуда, аз як фермаи чорводорӣ 4 гӯсфанд ва 7 гӯсола дуздида, дар хонаи шиносашон пинҳон карданд.

Мошини боркашро пас аз анҷом додани аъмоли нопоки худ дар роҳ партофта фирор карданд.

Лентаи хабарҳо
0