19:28 28 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
782 0 0

Дар маҷмуъ соли 2019 наздики 498 ҳазор хориҷӣ шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ки ин дар муқоиса бо соли пешӣ 84 дарсад зиёд мебоошад. Тақрибан 9 дарсади хориҷиёне, ки соли гузашта шаҳрвандии Русия гирифтаанд, аз Тоҷикистон будаанд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ дод, ки соли гузашта 44,7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия гардиданд. Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз 122 тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтааст.

Дар маҷмуъ соли гузашта 498 ҳазор хориҷӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Ин нишондод соли 2018 ба 269 ҳазор нафар баробар будааст.

Аксари онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, аз Украина буда, ҳудуди 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар ҷои дуюм Қазоқистон қарор дорад, ки соли сипаришуда 50,5 ҳазор нафар аз ин кишвар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.

Узбекистониҳое, ки соли 2019 шаҳрванди Русия шудаанд, 19,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз Қирғизистон 9,3 ҳазор нафар ва аз Туркманистон 1,4 ҳазор нафар шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.

Инчунин таъкид шудааст, ки соли 2019 санади иқомати муваққатиро 234,7 ҳазор нафар ва иҷозати иқоматро 182 ҳазор нафар соҳиб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол қаблан хабар дода шуд, ки тоҷикистониён миёни хориҷиёне, ки соли 2019 шаҳрвандии Қирғизистонро гирифтаанд, пешсаф буда, теъдодашон танҳо дар 10 моҳи соли сипаришуда 1219 нафарро ташкил додаст.

Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, Русия, Тоҷикистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ