Гулрӯ Ҷабборзода тоҷикистониёнро барои кор ба Куриё мефиристад

© © Министерство труда Республики ТаджикистанВстреча министра труда, миграции и занятости населения Таджикистана Гулру Джабборзоды с послом Южной Кореи Ли Вучела
Встреча министра труда, миграции и занятости населения Таджикистана Гулру Джабборзоды с послом Южной Кореи Ли Вучела  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири тозатаъини муҳоҷирати Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода аз сафири Куриё дар Тоҷикистон латаб кардааст, ки роҳандозии тарҳи фиритодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон ба Куриёро, тезонанд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ҷабборзода Гулрӯ кордори сафорати Куриё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ли Вучёлро ба ҳузур пазируфтааст.

Премьер-министр Республики Кореи Ли Нак Ён - Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Ҷумҳурии Корея бо даъвати Қоҳир Расулзода ба Тоҷикистон меояд

Гулрӯ Ҷабборзода - вазире бо диду назари тоза - Акс

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати меҳнат, зимни мулоқот Ҷабборзода қайд намудааст, ки ҳамкориҳои судманд дар самти муҳоҷирати  меҳнатӣ  миёни Тоҷикистон ва Куриё маҳз аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба он кишвар, аз моҳи апрели соли 2015 сарчашма мегирад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, дар рафти вохурӣ тарафҳо ба дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз ҷумла интиқоли нерӯи корӣ таваҷҷуҳ намуда, масъалаи баимзорасонии лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё оид ба интиқоли қувваи корӣ, ки айни ҳол дар баррасии ҷониби Куриё қарор дорад, мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Ҷабборзода таъкид кард, ки то муайян шудани мавқеи Куриё ҷиҳати баимзорасонии ин тарҳ, баррасӣ ва мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи Барнома байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти дахлдори Ҷумҳурии Куриё дар бораи фаъолияти меҳнатии мавсимии шаҳрвандони Тоҷикистон ба Куриё, тезонида шавад", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани фаъолияти 62 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии системаи вазорат мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷаноби Ли Вучёл таъкид намудааст, ки  дархостҳои қаблан пешниҳодгардидаи роҳбарияти вазорат ҷиҳати муҷаҳхазгардонии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо таҷҳизоти техникии муосир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Куриё пазируфта шуда бо ин мақсад 200 адад комютер ҳамчун кумаки техникӣ расонида шудааст.

Раҳмон вазирони нави адлия ва муҳоҷиратро таъйин кард

Манбаъ афзуда, ки вазир миннатдории худро барои кумаки техникӣ баён намуда, барои тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар масъалаҳои муҳоҷират, касбомӯзӣ, табодули таҷриба ва дигар самтҳои ба манфиати тарафҳо изҳори назар намудааст.

Лентаи хабарҳо
0