Марги мармузи муҳоҷири 23-солаи тоҷик дар ҳамоми фабрикаи мурғпарварӣ

© © Sputnik / Амир ИсаевДушевые кабинки в лицее №3 в г. Душанбе
Душевые кабинки в лицее №3 в г. Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Ингушетия ҷисми беҷони шаҳрванди Тоҷикистонро пайдо карданд. Ҷавони 23-солаи тоҷик дар яке аз фабрикаҳои мурғпарварӣ ҷон ба Ҷонофарин супоридааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Кумитаи тафтишотии Русия дар ҷумҳурии Ингушетия марги шаҳрванди Тоҷикистонро тафтиш мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти ниҳод.

Проверка документов - Sputnik Тоҷикистон
Дар Петербург дар пайи ҷанҷол бо милисаҳо як муҳоҷири тоҷик кушта шуд

Ба иттилои манбаъ, тафтишот баъди дастрас шудани ҷасади ҷавони тоҷик ба бемористони марказии ноҳиявии Малгобек сар шудааст.
Бино бар иттилои тафтишоти пешакӣ, ҷавони тоҷик 23 сол дошт ва дар ҷисми ӯ аломатҳои марги маҷбурӣ дида намешавад.

Ҷасади муҳоҷири тоҷикро дар ҳамоми фабрикаи мурғпарварӣ пайдо карданд.

Феълан аз ҷониби муфаттишони кумита тафтишоти пешакии парванда сар шудааст.

Зарбаи барқу заҳри ангишт: фарзияи пешакии марги ҷавони тоҷик дар Маскав

Пештар, расонаҳои Русия аз ҷанҷоли байни муҳоҷири тоҷик ва кормандони полис хабар додаанд, ки дар натиҷа муҳоҷири тоҷик ҳалок ва милисаҳо маҷрӯҳ шудаанд.

Бино бар иттилои манобеъ, ҳодиса дар Санкт-Петербург рух додааст.

Гуфта мешавад, ҷанҷол байни ҷавон ва милисаҳо шаби 23 ба 24 январ сар зад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Барои ҳифзи номуси хоҳар: муҳоҷир бо худрав дар Маскав ҳамватанонашро зер кард (навор)

Ду корманди полис ба яке аз биноҳои истиқоматӣ омаданд, то хабари фаврӣ дар бораи нигоҳдошти ғайриқонунии маводи мухаддирро тафтиш кунанд. Дарро шаҳрванди Тоҷикистон боз кардааст, ки дар ҳолати сархушӣ қарор доштааст. Бо сабабҳои номаълум байни кормандони мақомоти Расуя ва муҳоҷир ҷанҷол сар задааст.

"Як корманди полис дар натиҷаи зарба аз зинапоя афтидаву дигар ҷароҳати сабук бардоштааст. Аммо онҳо муҳоҷирро боздошт намуда, ба дасти табибон супоридаанд", - менависанд расонаҳо.

Як муҳоҷири тоҷик ба рӯде дар Петербург ғарқ шуд

Гуфта мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон дар бемористон ҳалок шудааст. Кормандони полис таҳти назорати табибон қарор доранд.

Расонаҳо сабаби марги муҳоҷири тоҷикро шарҳ намедиҳанд.

Лентаи хабарҳо
0