01:56 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
2914 0 0

Ҳукумати Русия мехоҳад низоми гирифтани шаҳрвандиро осонтар кунад. Дар ин росто як банди асосии қонун бекор мегардад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро омода дорад, ки мувофиқи он хориҷиён метавонанд, бе даст кашидан аз шаҳрвандии худ, шаҳрванди Русия шаванд, хабар медиҳад рӯзи ҷумъа, рӯзномаи "Коммерсант".

Қайд мешавад, ки Ҳукумати Русия ният дорад, ҷараёни гирифтани шаҳвардиро барои шаҳрвандони хориҷӣ осонтар кунад.

Қонуни нав дар Русия: ба киҳо гирифтани шаҳрвандӣ осон мешавад

Мувофиқи тарҳи нав, банди "г" - и қисми аввали моддаи 13 - уми қонун дар бораи гирифтани шаҳрвандӣ, ки даст кашидан аз шаҳрвандии пештараро талаб мекунад, бекор карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин, намояндагони ҳукумат қайд мекунанд, ки тарҳи қонун феълан омода мешавад ва пас аз мувофиқа кардан бо дастгоҳи президент ба Думаи давлатӣ равон карда мешавад.

Гирифтани шаҳрвандии Русия осон мешавад: як шарти асосиашро барҳам медиҳанд

Дар баробари ин, бино ба гуфти раҳбари Кумитаи кор бо кишварҳои ИДМ Леонид Калашников, эҳтимол аст аз моддаи 13 - и қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ", "талабот барои истиқомати доимӣ дар Русия барои панҷ сол ва банди оид ба зарурати тасдиқи манбаи қонунии даромад"  бекор шавад.

Ҳукумати Русия мехоҳад бо ин роҳ барои рушди бештар иқтисоди кишвар қувваҳои иловагии меҳнатро ҷалб кунад.

Барчаспҳо:
Русия, гирифтани шаҳрвандӣ

Мавзӯъҳои асосӣ