03:42 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
270 0 0

Дар остонаи интихоботи парлумонӣ, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба тоҷикони Маскав дар бораи муҳимияти ин маъракаи сиёсӣ гуфтанд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Намояндагони корпуси дипломатии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ҳамватанони худ дидору мулоқот карданд.

Мулоқот дар бинои Созмони ҷаъиятии "Нур" баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ 200 шаҳрванди Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар остонаи маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, сиёсатмадорон ба тоҷикони Маскав дар бораи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ва ширкат дар интихобот гуфтанд.

"Ин вохӯрии машваратӣ буд ва дар рафти он ягон навъи ташвиқот бурда нашудааст", - қайд карданд дар Созмон.

Интихобот - 2020: сиву шаш нозири байналмилалӣ иштирокашонро тасдиқ карданд

Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ, мавзӯъҳои гирифтани ҳаққи бознишастагии муҳоҷирон дар Русия ва афв, баррасӣ шуд.

Дар охири вохӯрӣ сиёсатмадорон ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз хатари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ёдрас шуданд.

Ёдрас мешавем, ки 1 марти соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

Ба хотири овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистони муқими Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирске ва Уфа, дар назди консулгариҳои Тоҷикистон нуқтаи овоздиҳӣ ифтитоҳ мешавад.

Интизор меравад, ки дар минтақаҳои алоҳидаи Русия то 1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар Маскав то 5-7 ҳазор тоҷикон ба интихобот ҳозир мешаванд.

Барчаспҳо:
интихоботи парлумонӣ, интихобот, тоҷикон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ