04:26 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
855 0 0

Муноқишаи лафзӣ миёни ду шаҳрванди Узбекистон ва Тоҷикистон ба кордкашӣ анҷомид. Пизишкон муҳоҷири узбек, ки аз захми корди тоҷикистонӣ сахт маҷрӯҳ гардид, натавонистанд наҷот диҳанд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Петербург миёни ду шаҳрванд, ки яке зодаи Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Узбекистон мебошад, муноқишаи шадид бархостаст, ки оқибат ба кордкашӣ анҷомид, хабар медиҳад 78.ru бо такя ба маълумоти Вазорати умури дохилии ин шаҳр.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи мазкур шаби панҷшанбе ба ҷумъа рух додаст ва ҳар ду муҳоҷир бекор мебошанд.

Бар асари кордкашӣ муҳоҷири узбекистонӣ бо захми шадиди корд ба бемористон интиқол ёфт ва пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз марг халос кунанд.

Кордкашӣ дар бозори “Панҷшанбе”

Муҳоҷири ҷабридида дар бемористон ба ҳалокат расидаст.

Зимнан, мақомоти пулиси Санкт Петербург бо гузашти як соат аз ин ҳаводис, гумонбари аслии ин воқеа, муҳоҷири тоҷикистониро боздошт намуданд ва феълан тафтиши қазия идома дорад.

Барчаспҳо:
Узбакистон, Тоҷикистон, муҳоҷир, кордкашӣ, Санкт-Петербург

Мавзӯъҳои асосӣ