16:14 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
248 0 0

Мафтуна Каримова, як зани узбек аз ночорӣ ва нодорӣ кӯдаки навзодашро дар метро гузошта фирор кардааст, аммо дастгир шудаву нисбаташ парванда боз гардидааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Александр Тимошенко, ҳомии зани узбек гуфт, ки чаро зан ба ин кор даст зад.

Ба гуфтаи вай, сабаби асосӣ ночорӣ в нодории зан будааст. 

Мафтуна аз зулми падар золимаш аз Узбекистон ба Русия фирор мекунад. Дар муҳоҷират ӯ бо марде шинос мешавад, аммо фиреб мехӯрад: ошиқаш пас аз ҳомиладорӣ аз баҳраш мебарояд.

Зан пеш аз мӯҳлат таваллуд кардааст ва бо сабаби надоштани маблағ дарҳол ба ҷустуҷӯи кор баромадааст. Вай тамоми пули бадастовардаашро ба ҷои хоб, хӯрок ва доруворӣ сарф мекардааст.

Ба гуфтаи ҳомии зан, Мафтуна дар даст кӯдаки ширхорааш аз ягон кор рӯй наметофтааст; вай чӣ дар сохтмон, чӣ дар коргоҳи моҳитозакунӣ ва чӣ дар мағоза меҳнат кардааст.

Александр таъкид мекунад, ки Каримова аввал аз бемористоне, ки таваллуд карда буд, кӯмак хостааст ва сипас кӯшиш кардааст фарзандашро ба хонаи кӯдакон диҳад, аммо бенатиҷа.

"Зан ноумед шуда роҳи Москваро пеш гирифтааст, аммо надонистани забони русӣ ӯро дар шаҳри калон саргардонтар кардаст. Афзун бар ин, писараш аз гуруснагӣ доим гиря мекардааст", - гуфтааст Тимашенко.

Зани муҳоҷир: тифлонамро ёд кардам, нони қоқ мехӯрам, дар Ватани худам мехӯрам

Вай таъкид мекунад, ки зерҳимояаш дар ҳолати нимбеҳушӣ қарор дошт  ва дар ҳамин ҳол ба метрои Маскав меояд. Дар натиҷа зан кӯдакро дар метро гузошта фирор мекунад ва дастгир мешавад.

Феълан ӯ то 12 апрел дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Нисбати Мафтуна Каримова парвандаи ҷиноӣ бо моддаи "дар хатар гузоштан" боз шудааст, аммо ҷониби ҳимоя аз ҳукми додгоҳ шикоят карданист.

 

Мавзӯъҳои асосӣ