14:00 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
29710

Сафорати Тоҷикистон дар Русия навори навпатпойии садҳо нафар интихобкунанда дар Маскавро нашр кардааст, ки барои раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон назди бинои намояндагӣ ҳозир шудаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Сафорат бо нашри як навор аз оғози раъйдиҳӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон хабар дод. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав аз аввалинҳо шуда, варақаи интихоботиро ба қутӣ партофт.

Дар наворҳои нашркардаи сафорат лаҳзаҳои овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Маскав сабт гардида, инчунин садҳо нафар дар берун намоиш дода шудаанд, ки парчамҳои Тоҷикистон дар даст навбати раъйдиҳиро интизоранд.

Дар қаламрави Русия нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва  Уфа фаъол мебошанд.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон,  шаҳрвандони берун аз кишвар метавонанд дар 39 нуқтаи овоздиҳӣ, ки дар 30 кишвари дунё ифтитоҳ шудаанд, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намоянд.

Дар Русия теъдоди тоҷикистониён ҳудуди 1 миллион нафар арзёбӣ мешавад. Қаблан КМИР хабар дод, ки то соати 9, ҳудуди 23,4 дарсади овоздиҳандагон, беш аз 1 миллиону 150 ҳазор нафар дар интихобот ширкат кардаанд. Теъдоди умумии интихобкунандагон дар Тоҷикистон ҳудуди 4,9 миллион нафар арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
парлумон, интихобот, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ