Узр хост, ки аблаҳӣ карду гуфт 2 зан дорад: тамдиди ҳабси блогери тоҷик дар Маскав-видео

© Sputnik / Андрей Старостин / Гузариш ба медиабонкСудебный молоток, архивное фото
Судебный молоток, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи Маскав ҳабси Кароматуллоҳ Ҷабборов, блогери тоҷикро барои пранк - шӯхии хуруҷи коронавирус дар метрои Маскав? то моҳи май тамдид кард

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ҷабборов давоми тафтишоти пешакӣ, ду моҳи дигар - то 8 май дар ҳабс мемонад, хабар дод РИА Новости бо такя ба қарори додрас, Сергей Хомяков.

Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

Ба иттилои манбаъ, блогери тоҷик дар мурофиа изҳор дошт, ки  пушаймон асту аз афроде, ки дар метро буданду метавонистанд аз шӯхияш дар ҳарос афтанд, узр хост.

Ҷабборов дар авбошӣ айбдор шуданашро чораи бисёр сангин хонда, зикр намуд, ки як моҳ дар ҳабс аст, гарчанде амалан ба касе осебе нарасонадааст. Ӯ амалаш дар метроро шӯхии аблаҳона баҳогузорӣ намуд.

Дар баробари омилҳои дигар блогери тоҷик изҳор доштааст, ки дар таъминоташ ду зан – яке расмӣ ва дигаре ғайрирасмӣ қарор доранд. Ӯ таъкид намудааст, ки аз ҳамсари ғайрирасмияш моҳи январи соли равон соҳиби фарзанд шудаасту аз додгоҳ хост, ин омилҳоро ба назар гирад. Инчунин хотиррасон намуд, ки худаш бо нахустин хоҳиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба мақомот ҳозир шуду ҳеч нияти гурехтанро надошт.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус, гурезед! ҷавони тоҷик дар метро пранк карду ба ҳабc рафт - Видео

Дар наворе, ки дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба ларза медарояд. Иштирокдори дигари пранк, ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.

Духтарро ба партовгоҳ бурд: ҷазои пранкер барои “санҷиши садоқати дӯстдухтар”-видео

Вакили дифои Ҷабборов шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод карда буд.

"Онҳо дар мағозаҳо низ навор гирифта, аз мардум пурсидаанд, ки оё дар бораи коронавирус маълумоте доранд. Дар дорухонаҳо низ видео гирифтаанд, ки ниқобро бо нархи гарон мефурӯхтанд. Онҳо мехостанд диққати мардумро ба ин беморӣ ҷалб кунанд ва ин ҷо мақсади ҷиноят дида намешавад", - гуфта буд вакили дифоъ.

Лентаи хабарҳо
0