Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

© © Sputnik / Владимир ТрефиловЧрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия, дар бораи вазъияти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав гуфт

ДУШАНБЕ, 31 мар - Sputnik. То дирӯз дар фурудгоҳи Домодедово 110 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, хабар дод Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Сатторов: в аэропортах Москвы больше не осталось граждан Таджикистана

 

Дар дигар фурудгоҳҳои Маск аз рӯзи 26 март то кунун ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд, афзуд сафир.

Покупатель в аптеке - Sputnik Тоҷикистон
Қаллобон хоб намераванд: чӣ гуна бояд аз маккорон дар давраи коронавирус эмин шуд

Парвози махсуси "Тоҷик - Эйр": шаҳрвандони Русияро мебарад ва тоҷикистониҳоро мебиёрад

"Пас аз он, ки фурудгоҳҳо қисман баста шуданд, мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки "Домодедово" - ро тарк  кунанд. Дар умум барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ҳафт парвози вижа анҷом дода шуд: аз фурудгоҳҳои "Домодедово", "Жуковский", "Внуково" ва ҳамчунин 32 мусофири дармонда аз фурудгоҳи "Шереметево" ба Ватан фиристода шуданд", - нақл кард Сатторов.

Сатторов: ФР ва Тоҷикистон парвозҳои иловагӣ барои мусофирони дармондаро баррасӣ доранд

Қисми дигар он нафароне мебошанд, ки ба умеди парвоз ба Тоҷикистон аз дигар манотиқи Русия ба Маскав омада буданд.

Ҳамаи тоҷиконе, ки дар фурудгоҳи "Домодедово" монда буданд дар манзилҳои хешу ақрабо ва бархе ҳам аз ҷониби Сафорат ҷо ба ҷо карда шуданд, гуфт Сатторов.

Лентаи хабарҳо
0