01:28 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
971 0 0

Бо ҷорӣ намудани чораҳои карантинӣ барои мубориза бо сирояти коронавирус, аксари муҳоҷирон дар вазъияти хеле вазнин қарор гирифтанд.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов ба Михаил Мишустин, сарвазири Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархост кардааст, ки пардохти маблағи патенти муҳоҷирон дар давраи чораҳои карантинӣ бекор кунанд.

Ба ин даъвати Коженов шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ шуданд, аз ҳукумати Русия даъват кардаанд, ки дар чунин лаҳзаи душвор онҳоро дастгирӣ ва дастгирӣ кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муҳоҷирати Русия.

"Муҳоҷирон дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо саҳми назаррас доранд. Пардохти ҳарсолаи буҷети давлатӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ тақрибан 60 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ҳоло, дучори вазъе шудаанд, ки то поёни қарантин ба дастгирӣ ниёз доранд”,- гуфта мешавад дар иттилоия.

Қаблан, Ренат Каримов, роҳбари Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ, гуфт, ба Сергей Собянин, мири Маскав, муроҷиат кардаанд, то муҳоҷиронро муваққатан аз пардохти патентпулӣ озод кунанд
Ба гуфти Ренат Каримов муҳоҷирони меҳнатиро осебпазиртарин қишр дар Русия, аз ҷумла дар Маскав хонд, ки аз ҳимояи лозимӣ бархӯрдор нестанд.

Дар робита ба чорабиниҳо алайҳи коронавирус ва эълони қарантина, муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамоно осебпазиртарин қишр боқӣ мондаанд, изҳор дошт Каримов.

“Дар Маскав беш аз миллион муҳоҷири меҳнатӣ қарор доранд, ки 15 дарсади аҳолии фаъол дар иқтисодиётро ташкил медиҳанд. Онҳо саҳми бузург дар иқтисодиёти Русия мегузоранд, аммо феълан осебпазиру беҳимоятарин қишранд, чун бештарашон бекор мондаанд”, - изҳор дошт Каримов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ҳамзамон, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ зикр кард, ки барои муваққата озод кардани муҳоҷирон аз пардохти патент ба ҳукумати Русия дархост мекунанд.

Муроҷиати Коженов дар ҳолест, ки  Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба далели хуруҷи коронавирус, рӯзи гузашта рӯзҳои таъттилро дар кишвар то 30 апрели соли равон тамдид кард
Дар пайи таътил ва карантини шадид муҳоҷирини тоҷик мегӯянд вазъи будубошашон хело мушкил шудааст, зеро ҳама ҷой истироҳат ва то охири моҳи ҷорӣ имкони кор ва дарёфти маблағ хело кам аст.

Барчаспҳо:
пардохти патент, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ