20:11 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
526 0 0

Бисёре аз муҳоҷирон на танҳо ҷои корашонро аз даст доданд, балки бинобар бастани сарҳадоти Русия наметавонанд ба ватан баргарданд

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳоло дар Русия 2,5 миллион муҳоҷирони меҳнатӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 507 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар додааст "Комсомольская правда" бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Русия.

Гуфта мешавад, бинобар муваққатан боз доштани истеҳсолот дар натиҷаи чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус, дар баъзе шаҳрҳои Русия норасоии ҷойҳои корӣ метавонад ба муҳоҷирон таъсир расонад.

Ҳамин тавр, бисёре аз муҳоҷирин на танҳо ҷои кории худро аз даст доданд, балки бинобар бастани сарҳадҳои Русия наметавонанд ба ватан баргарданд.

Ба гуфти  Вазорати корҳои дохилӣ, муҳоҷиринине, ки кори доимияшонро аз даст доданд, имкони иҷрои корҳои мавсимиро доранд.

Масалан, дар моҳҳои март - майи соли гузашта, тибқи маълумоти оморӣ, муҳоҷирон дар ноҳияҳои Ҷанубӣ, Волга ва Сибир дар корҳои мавсимии кишоварзӣ фаъолона ширкат доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин минтақаҳо ба қувваи кории хориҷӣ талаботи устувор мавҷуд аст.

"Яъне, ронандаҳои таксӣ ё сохтмончӣ, ки дар шаҳрҳои Русия корашонро аз даст додаанд, метавонанд дар соҳаи кишоварзӣ кор кунанд (ва на танҳо дар бустонсароҳои беруни шаҳрӣ). Ҳамчунин, муҳоҷирони нав ба Русия бо сабаби карантин вориди шуда наметавонанд",- гуфтанд, аз вазорати корҳои дохилӣ.

Бо ҷорӣ намудани чораҳои карантинӣ барои мубориза бо сирояти коронавирус, аксари муҳоҷирон дар вазъияти хеле вазнин қарор гирифтанд.

Пешниҳод ба Собянин барои лағви патентпулӣ: нигаронии Каримов аз ҳоли муҳоҷирон

Дар пайи ин президенти Федератсияи муҳоҷирати Русия Вадим Коженов ба Михаил Мишустин, сарвазири Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархост кардааст, ки пардохти маблағи патенти муҳоҷирон дар давраи чораҳои карантинӣ бекор кунанд.

Ба ин даъвати Коженов шумораи зиёди шаҳрвандони хориҷӣ ҳамроҳ шуданд, аз ҳукумати Русия даъват кардаанд, ки дар чунин лаҳзаи душвор онҳоро дастгирӣ ва дастгирӣ кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи муҳоҷирати Русия.

 

Барчаспҳо:
ҷойи кор, муҳоҷирон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ