08:52 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
213710

Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирон дар назди сохтмонҳо ҷойи иқомати муваққатӣ созанд, то дар давраи карантин он ҷо ба сар баранд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия, Марат Хуснуллин пешниҳод дорад, ки фаъолияти сохтмонҳое, ки он ҷо муҳоҷирон кор мекунанд, идома ёбад.

"Онҳо одатан дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд. Беҳтар мешавад, ки онҳо дар ҷои корашон ба сар баранд, на дар хобгоҳ", - гуфт ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон.

Хуснуллин ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки имрӯз муҳоҷирон дар паи маҳдуд будани марзҳо наметавонанд, Русияро тарк кунанд.

Муовини сарвазир гуфт, ба раҳбарияти бархе аз минтақаҳо пешниҳод карда, ки дар майдонҳои корӣ барои муҳоҷирон ҷойҳои хоб муҳайё кунанд, то онҳо дар сурати гирифторӣ ба коронавирус дар он ҷойҳо дар карантин бошанд.

Охир онҳо манзил ва ҳуҷраҳо надоранд, то тавонанд карантинро паси сар кунанд.

Пул нест: дархости Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумат барои қатъи патентпулӣ

Ӯ гуфт, муҳоҷироне, ки гирифтори коронавирус мешаванд ва онро вазнин аз сар мегузаронанд, дар табобатхонаҳо, вале онҳое, ки ин бемориро дар шакли муътадил паси сар мекунанд, дар худи ҳамон ҷойҳо бо ёрии пизишкон табобат карда шаванд.

Ёдрас мешавем, ки Русия аз 18 март то 1 майи соли 2020 барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳамаи сарҳадҳояшро баст.

Дар ин росто, ҳукумати Русия иҷода дод, ки муҳоҷирон патенти худро бидуни убури марз тамдид кунанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Барчаспҳо:
вирус, кор, муҳоҷирон, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ