Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сатторов барои қатъи пардохти пули патент ба ҳукумати Русия муроҷиат мекунад

© Sputnik / Владимир ТрефиловЧрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов
Чрезвычайный и Полномочный посол Таджикистана в России Имомуддин Сатторов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов гуфт, нақша доранд барои кам кардан ё боздоштани муваққатии пардохти пули патент ба ҳукумати Русия дархост равон кунанд

ДУШАНБЕ, 4апр — Sputnik.  Сафорати Тоҷикистон барои додани "таътил" ҷиҳати пардохти андоз ва пули патент, ба ҳукумати Русия муроҷиат мекунад.

 

"Шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо зиёд занг мезанад. Онҳо мисли дигарҳо дар вазъияти вазнин қарор доранд. Аксари ширкатҳо ва корхонаҳо баста мешаванд, бештар тиҷорати хурд ва фаъолият дар соҳаи хизматрасонӣ дар азоб аст. Аксарият бе кор мемонанд", - гуфт Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ, дар ҳоле, ки муҳоҷирон бе кор мемонанд, пардохти пули патент кори осон нест.

Пул нест: дархости Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумат барои қатъи патентпулӣ

"Мо нақша дорем барои додани "таътил" ҷиҳати пардохти патент ва тамдид он муроҷиат кунем. Мо кумаки молӣ талаб надорем, танҳо мехоҳем ба муҳоҷирон имконият диҳанд, ки ин замони вазнинро ба хубӣ паси сар кунанд ва тавонанд корашонро идома диҳанд, онҳо корашонро дар соҳаҳое, ки қувваи корӣ намерасад, идома хоҳанд дод", - изҳор дошт сафир.

Лентаи хабарҳо
0