11:04 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
475 0 0

Дар Федератсияи Русия 8,9 миллион нафар дар соҳаҳои гуногуни сохтмонӣ кор мекунанд. Тибқи арзёбиҳои мухталиф, ҳудуди 2 миллион коргаронро муҳоҷирон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин изҳор доштааст, ки фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи сохтмон мутаваққиф нашавад, хабар медиҳад РИА Новости .

Ба гуфтаи ӯ, аксари муҳоҷирон дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, ки он ҷо ҳамеша серодам аст.

"Беҳтар мешуд, агар онҳо дар ҷойи кори худ қарор гиранд ва ба дигар ҷо нараванд", - афзудаааст муовини сарвазир.

Дардмандони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 504 нафар расиданд

Номбурда зикр кардааст, ки дар робита ба маҳкам будани сарҳад ва қатъи равобити ҳавоӣ, шумораи зиёди муҳоҷирон имкони тарк кардани қаламрави Русияро надоранд. Аз ин рӯ, барои муҳоҷирон бояд дар ҷойи корашон биноҳҳои алоҳида барои ба қарантин фаро гирифтани онҳо сохта шавад.

"Ба бемористон бояд танҳо муҳоҷироне, ки вазъи саломатияшон вазнини арзёбӣ мешавад, интиқол ёбанд. Ба дигарон дар ҷойи кори онҳо кӯмаки тиббӣ расонда шавад", - илова намудаст Марат Хуснуллин.

Ба маълумоти ӯ, дар соҳаҳои гуногуни сохтмонӣ дар Федератсияи Русия дасти кам 8,9 миллион коргар фаъолият мекунанд, ки аз ин миён, 2 миллиони онро муҳоҷирон  ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 18 марти соли ҷорӣ Русия ба сабаби ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус вуруд ба хориҷиёнро муваққатан маҳдуд намуд.

Паҳншавии босуръати коронавирус дар Русия: 1154 нафар дар як шабонарӯз сироят шуданд

Теъдоди сироятёфтагон аз маризии коронавирус дар Русия ҳамарӯза рӯ ба афзоиш аст. То санаи 7 - уми апред дар Русия 7497 маризи коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ