22:05 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
366901

Дар ҳоли ҳозир ӯ бистарӣ буда, табобат мегирад. Ҳамаи он нафароне, ки бо бемор алоқа доштаанд муайян карда шуда, аз ташхис мегузаранд

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Дар ҳудуди Перм дар шабонарӯзи гузашта 27 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, миёни онҳо шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ.

Миёни мубталоёни коронавирус 10 зан, 16 мард ва як кӯдак мебошанд.

Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки бо беморон алоқа доштаанд муайян карда шуда, онҳо аз ташхис мегузаранд.

Ёдрас мешавем, ки пештар аз мубтало шудани 10 муҳоҷир дар вилояти Ленинград хабар дода шуд.

Мубтало шудани 10 муҳоҷир ба коронавирус дар Ленинград

Гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар хостел ба сар мебурдаанд.

Дар 51 минтақаи  Русия дар давоми шабрнарӯзи гузашта 2 ҳазору 774 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Дар умум то рӯзи 14 апрел дар Русия 21 ҳазору 102 ҳолати гирифторӣ аб коронавирус сабт шудааст. Аз рӯзе, ки ин бемории маргбор дар Русия паҳн шуд, 170 бемор ба ҳалокат расид.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Барчаспҳо:
шаҳрванд, вирус, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ