22:40 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
38001

Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ намудан аз муҳоҷирони тоҷик, телефони боварӣ роҳандозӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз тамоми муҳоҷирони тоҷик даъват менамоянд, ки қавонин ва тарбиботи ҷоринамудаи давлати иқоматашонро амиқан риоя кунанд ва ҷони худу атрофиёнро дар хатар нагузоранд.

Ба хотири дастгирӣ аз шаҳрвандони тоҷик, ки берун аз Тоҷикистон қарор доранд, вазорати мазкур телефони боварӣ роҳандозӣ намудааст.

Котиботи вазорати мазкур менависад, муҳоҷирони тоҷик дар сурати рӯбарӯ шудан ба мушкилӣ дар пасманзари авҷи маризии коронавирус дар ҷаҳон, метавонанд барои гирифтани машварат ва дастгирӣ ба рақамҳои 235-03-85, 236-68-88 ва +992 935 55 50 87 +992 918 50 66 77 (вайбер) тамос гиранд.

Вазир дар бораи карантини сартосарӣ, нестшавии коронавирус дар гармӣ ва ниқобҳо

Ёдовар мешавем, ки тибқи фармони Раиси шаҳри Москва, шурӯъ аз 13 апрели соли равон бинобар хуруҷи сироятёбӣ аз коронавирус сафар дар шаҳр ва музофоти Москва дар ҳама намуди нақлиёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва таксӣ тибқи иҷозатномаи махсуси рақамӣ, ки онро метавон дар сомонаи шаҳрдорӣ – www.mos.ru бо нишон додани мушаххасот ва ҳадафи сафар дарёфт кард, ба роҳ монда мешавад.

Яъне рухсатҳои махсусро метавон тариқи фиристодани паёмак ба рақами кӯтоҳи 7377 ё тариқи занги телефонӣ ба рақами телефонии +7 (495) 777-77-77 фармоиш дод ва шумораи он давоми ҳафта маҳдуд карда намешавад. Барои гирифтани он бояд ҷойи истиқомати воқеиро нишон дод, на ҷойи бақайдгирифташударо.

Тавре дар реҷаи муқарраргардида омадааст, тартиби гаштугузор ва тарки ҷойи истиқомат ба аҳолӣ мисли пештара, танҳо барои харидории доруворӣ, маҳсулоти ғизоӣ, истифода аз хизматрасонии бонкиву тиббӣ ва гаштугузор бо ҳайвоноти хонагӣ бо риояи фосила аз якдигар иҷозат шудааст.

Барчаспҳо:
телефони боварӣ, муҳоҷирон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ