23:34 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
2448 0 0

Дар яке аз сохтмонҳои вилояти Мурманск якбора 206 нафар ба маризии коронавирус гирифтор шуд. Эҳтимол меравад, ки манбаъи сироят як шаҳрванди Қирғизистон будааст

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Шаҳрванди Қирғизистон дар вилояти Мурманск манбаъи сирояткунии 206 коргарони як сохтмон гардидааст, хабар медиҳад губернатори вилоят Андрей Чибис.

Чуноне РИА Новости хабар медиҳад, дар майдони сохтмонии "Новатэк-Мурманск" воқеъ дар деҳаи Белокаменка 206 сохтмончӣ гирифтори COVID - 19 шудааст.

Ҳамчунин 200 корманди дигарро бо таҳлили манфӣ дар табобатхонае ҷой дода карантин кардаанд.

"Эҳтимолан манбаъи сироятшавӣ шаҳрванди Қирғизистон шудааст. Дигар чизе гуфта наметавонам" - қайд кард Чибис.

Ба гуфти ӯ дар деҳаи Белокаменка беморхона вуҷуд надорад ва он ҷо барои беморон табобатхонае омода кардаанд. Гуфта мешавад, ки беморон табобат карда мешаванд. Раҳбарияти вилояти Мурманск мегӯяд аз омори воқеъӣ ва сироятшавии оммавӣ ҳарос надоранд.

То рӯзи 16 апрел дар Русия беш аз 25 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардида, 198 нафар дар паи ин маризӣ ҷон аз даст додаанд.

Наздики 2 ҳазор бемор шифо ёфта аз беморхонаҳо мураххас шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Барчаспҳо:
муҳоҷирон, бемориҳои сироятӣ, сироят, Русия, вируси нав

Мавзӯъҳои асосӣ