21:57 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
208050

Ҳукумати Русия то 15 июн пардохти пули патентро барои муҳоҷирон бекор кард. Ин қарор дар паи муроҷиати муҳоҷирон сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Муҳоҷирон дар давоми се моҳ аз 15 март то 15 июн аз пардохти пули патент озод шуданд. Чунин фармон рӯзи 18 апрел аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин имзо шуд.

Московский дар бораи қатъи пантентпулии муҳоҷирон дар Русия: ин одилона аст

Дар баробари қатъи муваққатии пардохти патентпулӣ Владимир Путин  барои муҳоҷирон чанд сабукиҳои дигар дод.

Ҳамин тавр, бар асоси ин фармон, ки баробари имзо шуданаш ба иҷро даромад, замони будубош, сабти ном, замони эътибори патенту корти муҳоҷират ва дигар асноди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ аз 15 март то 15 июн тамдид карда мешавад.

Дар ин муддат ҳатто депорт ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мутаваққиф карда мешавад.

Сатторов барои қатъи пардохти пули патент ба ҳукумати Русия муроҷиат мекунад

Тибқи ин фармон, ҳамаи муҳоҷироне, ки то 15 март дар Русия патенту сабти ном ва корти муҳоҷират ё виза доштанд, замони эътибори ин санадҳояшон то 15 июн ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад ва дар ин муддат онҳо набояд дигар барои тамдиди замони сабти ном ё патент навбат бипоянд ва пул супоранд.

Пул нест: дархости Федератсияи муҳоҷирони Русия аз ҳукумат барои қатъи патентпулӣ

Чунин тасмими раҳбарияти Русия дар паи муроҷиатҳои пай дар пайи муҳоҷирон, Федератсияи муҳоҷират ва сафорати Тоҷикистон дар Русия, сурат гирифт.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (489)
Барчаспҳо:
бекор кардан, патент, патент, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ