Русия депорти муҳоҷиронро муваққатан қатъ кард

Обуна шудан
Тибқи фармони президент, аз 15 март то 15 июн Вазорати корҳои дохилӣ муҳоҷирини меҳнатиро аз Русия ихроҷ нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Русия ихроҷи муҳоҷиронро аз кишвар то 15 июн қатъ кард, гуфт Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия зимни як муроҷиаташ дар сомонаи ВКД.

Выдача патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қонуни нав дар Русия: тамдиди патент бидуни убури сарҳад

Вай таъкид кардааст, ки ин тасмим тибқи фармони Президенти Федератсияи Русия гирифта шуда, аз 15 март то 15 июн, Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи депортатсия ва хориҷ кардани муҳоҷирон, қарор қабул намекунад.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ки ба Русия омадаанду муҳлати ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидан дорад, хавотир нашаванд.

"Аз 15 март то 15 июн патентҳо, иҷозатномаҳои корӣ, раводид, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомат - ... ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 90 рӯз дароз карда мешаванд", - гуфт Казакова.
Ғайр аз он, вай шарҳ додааст, ки он ҳуҷҷатҳо, ки ҳоло дар дасти муҳоҷирон қарор доранд, бекор карда намешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар муддати муқарраршуда корфармоёни Русия метавонанд хориҷиёнро барои кор бидуни ҳуҷҷати иҷозатномаии кор ҷалб кунанд.

Хушхабар! ҳукумати Русия пардохти пули патентро бекор кард - видео

Ёдрас мешавем, ки 18 апрел сарвазири Русия Михаил Мишустин як қарори ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он мӯҳлати будубоши шаҳрвандон дар ин кишвар  90 рӯз ба таври автоматӣ дароз карда шуд.

Гуфта мешавад, тасмими мазкур барои дастгирии муҳоҷирон дар шароити душвори пешомада мебошад.

Лентаи хабарҳо
0