23:02 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1285 0 0

Раиси ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский қайд кард, ки дар Русия феълан муҳоҷирони зиёде бекор мондаанд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Раиси ҳизби ЛДПР Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки муҳоҷиронро дар роҳсозӣ ҷалб кунанд.

Чунин пешниҳодро Жириновский зимни суҳбати видеоӣ бо раиси Бонки марказии Русия Элвира Набиуллина ироа кард.

"Мо муҳоҷирони зиёде дорем, ки  бекор мондаанд, - шояд ба гунае ин ҷойҳои кориро маблағгузорӣ кард?", - пешниҳод кард ӯ.

Ёдрас мешавем, ки пештар ҳукумати Русия изҳор дошт, ки аксари муҳоҷирон дар Русия зодагони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошанд, ки барои кор дар сохтмонҳо хеле лозиманд.

Ноиби сарвазири кишвар, Марат Хуснуллин қайд кард, ки феълан дар Русия дар робита ба нарасидани қувваи корӣ мушкил нест.

Ӯ гуфт, кори сохтмонҳо набояд боздошта шавад, вале муҳоҷирон майдони корро тарк накунанд ва дар назди ҷойҳои кориашон барояшон макони иқомат муҳайё шавад.

Ба маълумоти ӯ, дар соҳаҳои гуногуни сохтмонӣ дар Федератсияи Русия дасти кам 8,9 миллион коргар фаъолият мекунанд, ки аз ин миён, 2 миллиони онро муҳоҷирон  ташкил медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 18 марти соли ҷорӣ Русия ба сабаби ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус вуруд ба хориҷиёнро муваққатан маҳдуд намуд.

Барчаспҳо:
Русия, кор, кор, муҳоҷирон, Владимир Жириновский

Мавзӯъҳои асосӣ