05:32 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
641 0 0

Интизор меравад, ки тартиботи нав аз соли оянда амалӣ шавад. Ба гуфтаи масъулини Русия, ин иқдом боиси ҷалби бештари сармоя ба кишвар мешавад

ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишвар манзил мехаранд, ВНЖ ё иҷозатномаи истиқоматӣ доданист. Дар ин бора рӯзномаи "Известия" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, лоиҳаи қонуни вижаро Вазорати иқтисоди кишвар омода кардааст. Мувофиқи он ба қонун "Дар бораи мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ" иловаҳо пешниҳод гардидааст.

Ба қавли масъули вазорат, ин иқдом дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар муҳим аст.

Ҷузъиёти ин пешниҳод феълан баррасӣ мешаванд. Муаллифони лоиҳа бояд ҳангоми пешниҳоди он ҳаҷми сармояи шаҳрванди хориҷиро ба назар бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, ин тартиботи нав метавонад аз соли оянда амалӣ шавад.

Аммо дар Вазорати иқтисод таъкид карданд, ки пас аз қабули қонуни мазкур, талабот ба шаҳрвандии Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ зиёд намешавад.

Коршинос хатари боҷи нав ба муҳоҷирони дорои РВП ва ВНЖ-ро дар Русияро гуфт

Лекин, дар навбати худ, имконияти истиқомати доимиро сармоягузорони хориҷӣ аз даст нахоҳанд дод.

 

Мавзӯъҳои асосӣ